Википедия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Википедиа
Саҳифаи аввали Википедиа
Саҳифаи аввали Википедиа
URL wikipedia.org
Тиҷорӣ Не
Навъи вебгоҳ интернет-донишнома
Сабтином ғайриҳатмӣ[1]
Забон(-ҳо) 298
Омори боздид Шаблон:Зиёрат аз рӯи маълумоти Compete
Забони барномасозӣ PHP
Макони сервер  ИМА: Тампа, иёлати Флорида
Молик Фонди Викимедиа
Бунёнгузор Ҷими Вейлс ва Ларри Сенгер
Виростор Википедиячиён
Оғози кор 15 январи 2001
Шиъор Донишномаи озод, ки ҳама метавонанд онро вироиш кунанд.
Рутбаи Alexa 13[2]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Википедиа (англ. Wikipedia, тал. [ˌwɪkɨˈpiːdiə] ё [ˌwɪkiˈpiːdiə]) — донишномаи интернетии чандзабона бо муҳтавои озод, ки бо ҳамкории афроди довталаб навишта мешавад ва ҳар касе, ки ба интернет дастрасӣ дошта бошад метавонад мақолоти онро вироиш кунад.

Номи Википедиа вожае таркибӣ аст, ки аз вожаҳои вики (вебгоҳи мушорикатӣ) ва энсиклопедия (донишнома) гирифта шудааст. Ҳадаф Википедиа офариниш ва интишори ҷаҳонии як донишномаи озод ба тамоми забонҳои зиндаи дунё аст.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар ибтидо Википедиа ба унвони нусхаи такмилии Нупедия ба кор оғоз намудааст. Нупедия лоиҳаи донишномаи ройгон ва бархатте буд, ки мақолаҳояш тавассути коршиносон ва аз тариқи як ҷараёни расмӣ навишта мешуданд. Нупедия дар таърихи 9 марти соли 2000 таҳти моликияти ширкати Бумис (Bomis), ки як ширкати веб-портал буд, бунёдгузорӣ шуд. Ширкати Бумис, ки дар соли 1996 бунёдгузорӣ шуда буд, як пойгоҳи интернетиии тафреҳоти шаҳвонӣ ва дорои муҳтавои сексӣ барои мардон буд. Ва сармояи нахустини донишнома озоди Нупедия ва ҷонишини он Википедиа, тавассути он то соли 2003 таъмин мешуд.

Википедиа бори нахуст дар таърихи 15 январи 2001 аз ҷониби Ҷими Вейлс ва Ларри Сенгер ва фақат ба забони англисӣ ба номи wikipedia.com ба шабакаи Интернет васл шуд. Википедиа аз 10 январ яке аз қобилиятҳои nupedia.com ба шумор мерафт. Ба ин сурат, ки вироишгарон метавонистанд мақолаҳои худро дар он ворид кунанд то пас аз мурур дар Нупедия қарор гирад, вале пас аз он ки ҳайати машваратии коршиносони Нупедия модели тавлиди онро рад карданд, аз вебгоҳ Нупедия бардошта шуд. Баъд аз он Википедиа ба сурати лоиҳаи мустаъқил аз Нупедия ба кор шурӯъ кард. Сиёсати «дидгоҳи бетарафона», ки шабеҳ ба сиёсати пешини «бетарафии» Нупедия буд, дар ҳамон моҳҳои аввал барномарезӣ шуд. Википедиа сареъан ширкаткунандагони хешро аз Нупедия ба даст овард. Дар поёни сол Википедиа аввал ба теъдоди 20 000 мақола, бо теъдоди 18 забон расид. То поёни соли 2002 теъдоди забонҳо ба 26, поёни соли 2003 ба 46 ва дар поёни 2004 ба теъдоди 161 забон расид. Нупедия ва Википедиа дар алоҳидагӣ амал мекарданд. Нупедия аз кор бозмонд ва дар соли 2003 матнҳои мақолаҳои он ба Википедиа мунтақил шуданд.

Аз рӯи ҳаҷми иттилоот ва фарогирии мавзӯъҳо Википедиа донишномаи электронии аз ҳама пурратарин ва беҳтарин дар таърихи башарият мебошад. Яке аз ҷиҳатҳои хуби Википедиа ҳамчун донишномаи универсалӣ, фароҳам овардани имконияти пешниҳоди иттилоот ба забони модарии корбарон мебошад, ки ба ҳамин васила қиммати иттилооти воридшударо, ҳамчун ҷанбаи фарҳангӣ нигоҳ медорад.

Хусусияти хоси интернет-донишномаи Википедиа (ба туфайли технологияи wiki, ки асоси корбарии торномаи онлайнӣ аст) аз он иборат аст, ки вироиш ва таҳрири мақолаҳоро ҳар як шахси истифодабарандаи шабакаи Интернет, ки низоми Википедиаро риоя мекунад, мавриди истифода, яъне навиштаву (вироишу) таҳрир карда метавонад. Дар баробари ин, дар аксар ҳолатҳо, ҳатто бе сабти ном дар сомона вироиш ва таҳрири мақолаҳо имконпазир мебошад. Кулли тағйиротҳои ба ягон мақолаҳои ин энсиклопедия ворид намудаи чунин ихтиёриён дарҳол ба ҳамаи муштариёни сомона маълум мегардад.

Википедиа аз ҷониби ихтиёриёни кулли ҷаҳон ба зиёда аз 298 забонҳои ҷаҳонӣ эҷод карда мешавад. Дар он зиёда аз 47 миллион мақолаҳо ба забонҳои халқҳои гуногуни дунё ҷойгир шудаанд. Интернет-браузери Википедиа аз рўи миқдори зиёраткунандагон, дар ҷойи 5 байни сомонаҳои ҷаҳонӣ мебошад — ҳар моҳ ба сомона қариб 480 миллион нафар одамон ворид мешаванд.

Шумораи мақолаҳои Википедиа[вироиш | вироиши манбаъ]

То 1 январи соли 2018 дар Википедиа 298 қисматҳои забонҳои ҷаҳонӣ (аз он ҷумла 288-тои он фаъол) мавҷуданд. Аз ҷумла, 13-тои аввали он (википедиаҳои забонӣ) зиёда аз 1 миллион мақола, 45-тоаш (аз ҷойи 14 то 59) аз 100 ҳазор то 1 млн мақола, 97-тоаш (аз ҷойи 60 то 137) зиёда аз 10 ҳазор то 100 ҳазор мақола (аз ҷумла ба забони тоҷикӣ) ва 111 (аз ҷойи 138 то 249) қисматҳо зиёда аз 1 ҳазор то 10 ҳазор мақола доранд. Ҷамъи ҳамаи мақолаҳои ба забоноҳои гуногун вироишгардида то 15 январи соли 2018 - 47,274,367 мақола (аз ҷумла зиёда аз 181 млн саҳифаро дарбар мегирифт). Дар пурра гардонидани лоиҳаи Википедиа зиёда аз 72 млн корбарони ихтиёрӣ ройгон саҳми хешро гузоштаанд.[3]

Таъсир ва истифодабарӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Гурӯҳи тадқиқотчиён аз Донишкадаи технологии Массачусетс ва Донишгоҳи Питтсбург муайян карданд, ки олимон дар мақолаҳои илмӣ ва монографияҳо аз маълумотҳои Википедиа истифодабурданашон аз эҳтимолият дур нест.[4]

Ҷолиб[вироиш | вироиши манбаъ]

Моҳи декабри соли 2021 дар музоядаи Christie’s дар Ню-Йорк бо арзиши 750 ҳазор доллар, аввалин сабти Википедия дар шакли NFT фурӯхта шуда буд. Ибораи «Hello, World!» аз тарафи Ҷими Вейлс, 15 январи соли 2001 навишта шуда буд. Таҷҳизоти iMac-и Вейлс, ки вай ин сабтро бо он сабт карда буд, бо 187,5 ҳазор доллар фурӯхта шуд.[5]

Маҳдудият[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо гузашти айём баъзан кишварҳо дастрасӣ ба Википедиаро маҳдуд ё таҳдиди маҳдуд сохтанро мекунанд. Аз ҷумла: 24 августи соли 2015 дар Россия Википедиа маҳдуд карда шуда буд. 29 апрели соли 2017 дар Туркия Википедиаро қатъ карданд.[6][7].

Сухани Ҷими Вейлс доир ба Википедиа[вироиш | вироиши манбаъ]

« Wikipedia як донишномаи озоди мардумӣ ва ҷаҳонист. Дар он метавон ҳама гуна иттилоотро пайдо кард. Шояд саволе нест, ки посухи он дар Википедиа набошад. Истифода аз ин иттилоъ озод ва ройгон аст. Гузашта аз ин ба наздикӣ сомонаи тоҷикии Википедиа дар шабакаи ҷаҳонии интернет нашр хоҳад шуд. Ин муждаи Наврӯзист! Муборак! »

[8]

Лоиҳaҳои дигар

Ҳамчунин нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Логотип «Мета-вики»
Логотип «Мета-вики»
Дар «Мета-вики» саҳифаи «Category:Wikipedia» ҳаст

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Lua error in Модул:External_links at line 153: attempt to call field 'getWikidataRefHtml' (a nil value).