Саҳифаи аслӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Мақолаи баргузида

Ибни Сино

Муҷассамаи Ибни сино дар назди қароргоҳи СММ

Абӯалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Сино ё Ависенна, машҳур ба Абӯалӣ Сино (форсӣ: ابوعلى سينا‎; (16 августи соли 980, деҳаи Афшана наздики Бухоро18 июни соли 1037, Ҳамадон) — яке аз бузургтарин донишмандон ва пизишкони замони худ аст. Ҳамчунин ахтаршинос (астроном), кимиёшинос (химик), геолог, мантиқ, палеонтолог, риёзишинос (математик), табииётшинос (физик), шоир, равоншинос (психолог), файласуф, муаллим ва адиби бузурги форсу-тоҷик.

Вай беш аз 450 рисолаи илмӣ навиштааст, ки то замони мо танҳо 240-то аз он маҳфуз мондаанд. Ин рисолаҳо тамоми соҳаҳои илмро фароҳам гирифта, хусусан, 150-тояшон дар илми фалсафа ва беш аз 40-тои дигар дар илми пизишкӣ ҳастанд. Маъруфтарин асарҳои ӯ китобҳои "Ал-Шифо" ва "Қонун" ҳастанд, ки аз бузуртарин донишномаҳои илмӣ ва фалсафии ҷаҳон буда ва дар донишгоҳҳои Аврупо то асри 19 истифода бурда шудаанд.

Абӯалӣ Сино дар рушди илми тибсаҳми бениҳоят арзандае гузоштааст, ки аз таҷрибаҳои худ, илми пизишкии олими грек Гален, метафизикаи Арасту (Сино яке аз шарҳдиҳандагони асосии Арасту буд), илми пизишкии Форс, Байнаннаҳрайн ва Ҳинди қадима сарчашма гирифта, онҳоро ҳамҷоя андӯхтааст. Сино ҳамчу падари тибби замонавӣ ва фармакологияи клиникӣ ба ҳисоб меравад.

Вай боз асосгузори мантиқи Синоӣ, мактаби фалсафии Синоӣ аст. Ӯ ҳамчу падари мафҳуми фундаменталии физикии моменти ҷисм низ маъруф аст. Вайро ҳамчунин "падари геология" низ мешиносанд, ки дар қонуни суперпозицияи геологӣ саҳми арзанда гузоштааст.

Мақолаи хуб

Абунасри Форобӣ

Тасвири Абунасри Форобӣ дар маркаи Эрон

Абунаср Муҳаммад ибни Муҳаммади Форобӣ (форсӣ: ابونصر محمد بن محمد فارابی‎), маъруф ба — Ал-Форобӣ (ар. الفارابي‎, дар шакли лотинишуда — Alpharabius; 870 ё 872, Фороб, Қазоқистони кунунӣ — мобайни 14 декабри 950 и 12 январи 951, Димишқ, Сурияи кунунӣ) — файласуф, риёзидон, мусиқишинос ва донишманди машриқзамин. Яке аз бузургтарин намояндагони фалсафаи шарқи асримиёнагӣ.

Абӯнаср Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Тархон ибни Узлағи Форобӣ дар ҳудуди соли 257 ҳиҷрии қамарӣ (870 милодӣ) дар Фороби Хуросон (Қазоқистони кунунӣ) ба дунё омадааст. Дар ҷавонӣ барои таҳсил ба Бағдод рафт ва назди Матто ибни Юнус ба фаро гирифтани мантиқ ва фалсафа пардохт. Сипас ба Ҳаррони Сурия сафар кард ва ба шогирдии Юҳанно ибни Ҳилон даромад. Аз оғози кор, ҳуши саршор ва илмомӯзии вай сабаб шуд, ки ҳамаи мавзӯъҳоеро, ки тадрис мешуд, ба хубӣ фаро бигирад. Ба зудӣ номи ӯ ба унвони файласуф ва донишманд шӯҳрат ёфт. Ва чун ба Бағдод бозгашт, гурӯҳе аз шогирдон гирди ӯ ҷамъ омаданд, ки Яҳё ибни Адий, файласуфи масеҳӣ яке аз онон буд. Дар соли 330 ҳиҷрии қамарӣ (941 милодӣ) ба Димишқ рафт ва ба Сайфуддавлаи Ҳамадонӣ, ҳокими Ҳалаб пайваст ва дар зумраи уламои дарбори ӯ даромад.

Форобӣ аз рӯи маълумоти Ибни Халлиқон дар соли 950 - 951 дар Димишқ дар синни 80-солагӣ  дунёро падруд ва дар қабристони «Бобу-с-сағир» дар даврони салтанати Сайфуддавла бо шукӯҳу қадрдонӣ ба хок супорида шудааст.

Аз мақолаҳои нав

Оё медонед?

Аз мақолаҳои нави Википедия:

  • Шумо аз Internet Live Stats навсозиҳои даврӣ (омори онлайниӣ шумораи вурудшудагон ва корбарони веб-браузерҳои ҷаҳонӣ) бархурдор ҳастед? Пас ба инҷо нигаред.[1]
  • Тибқи маълумоти соли 2020 вазни қиёсии операторони хусусӣ дар бозори алоқаи ҷумҳурӣ 93,4% -ро ташкил дод. Теъдоди корбарони Интернет аввали соли 2021 беш аз 3,3 млн ва муштариёни мобилӣ беш аз 6 млн нафарро ташкил намуд.[2].
  • Дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (UNCTAD) "Ҳисоботи технология ва инноватсия 2021" аз чоп баромад. Аз ҷиҳати омодагӣ ба рушди технологияҳои пешрафта, Тоҷикистон дар байни Тимори Шарқӣ ва Иттиҳоди Комор ҷойгир аст ва дар байни 158 кишвари дар рейтинги зикршуда ҷои 143-ро ишғол мекунад. Аз кишварҳои ИДМРусия дар ҷойи 27, Беларус дар ҷойи 59, Қазоқистон дар ҷойи 62, Арманистон дар ҷойи 83, Озарбойҷон дар ҷойи 100, Қирғизистон дар ҷойи 115 мебошанд.[3]
  • 14 апрел соли 2021 - Муассисаи давлатии телевизиони Тоҷикистон - «ТВ Илм ва табиат» дар ш. Душанбе ба фаъолият оғоз намуд.[4].

Рӯйдодҳои кунунӣ

Мавзуъоти муҳим
19 ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба феҳристи мероси фарҳанги моддии ИСЕСКО ворид гардид.
Лоиҳаи муштарак миёни Тоҷикистон ва Узбекистон доир ба сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ
Академики тоҷик барандаи ҷоизаи "Ситораҳои Иттиҳод"-и созмони Иттиҳоди давлатҳои Мустақил шуд
Қатораи Душанбе-Тошканд ба роҳ баромад

июли соли 2022

  • 7 июли соли 2022 Reuters бо истинод ба мақомоти Иттиҳодияи Аврупо хабар медиҳад, ки Бонки сармоягузории Аврупо (EIB) қасд дорад бузургтарин сармоягузор дар нерӯгоҳи Роғун шавад.[5]
  • 7 июли соли 2022 19 ёдгориҳои мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба феҳристи мероси фарҳанги моддии ИСЕСКО ворид гардид. Ин ёдгориҳо зимни ҷаласаи 10-уми Кумитаи ёдгориҳои ҷаҳони Ислом, ки 4 - 7 июли соли 2022 дар Шоҳигарии Марокаш баргузор гардид, тасдиқ шудаанд. Аз 19 адад ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон, 2 адади он ба Феҳристи асосии мероси фарҳангии ҷаҳони Ислом шомил гардида, 17 адади дигараш бошад, ба Феҳристи пешакӣ ворид шуданд.[6][7]

июни соли 2022

  • 21 июни соли 2022 Қатораи Душанбе-Тошканд ба роҳ баромад. Масофаи роҳ 916 километрро ташкил дода, қатора муддати 21 соат дар роҳ хоҳад буд.Қобили зикр аст, ки ҳаракати қатораҳо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳанӯз солҳои 90-уми асри гузашта қатъ шуда буд.[8].
  • 6 июни соли 2022 Мерган Шаҳбозов, риёзидон ва академики тоҷик барандаи ҷоизаи "Ситораҳои Иттиҳод"-и созмони Иттиҳоди давлатҳои Мустақил шуд. Дар ин бора Кумитаи иҷроияи ин созмон хабар медиҳад.[9].
  • 3 июни соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар толори Қасри Президенти Ҷумҳурии Узбекистон бо Роҳбари кишвари дӯст Шавкат Мирзиёев ба таври маҷозӣ бо пахши тугмаи рамзӣ барои оғози татбиқи лоиҳаи муштарак миёни Тоҷикистон ва Узбекистон доир ба сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон асос гузоштанд.Мутахассисони ҳарду ҷониб барои бунёди нерӯгоҳҳо бо иқтидори умумии 320 МВт марҳилаҳои асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳа ва дигар корҳоро ба анҷом мерасонанд.[10].

Эзоҳ

  1. Internet Live Stats Омори онлайнӣ
  2. Дар Тоҷикистон соли гузашта даромади операторони хусусии алоқа афзоиш ёфт(тоҷ.). khovar.tj. 5 марти 2020 санҷида шуд.
  3. Таджикистан оказался в конце рейтинга по готовности к развитию новых технологий /avesta.tj/2021/02/26/
  4. Имрӯз дар Душанбе Шабакаи нави телевизиони Тоҷикистон «Илм ва табиат» ифтитоҳ гардид(тоҷ.). khovar.tj. 14 апрели 2020 санҷида шуд.
  5. Reuters: Евросоюз поручил направить на достройку Рогуна миллиарды(рус.). www.asiaplus.tj (7 июли 2022). 7 июли 2022 санҷида шуд.
  6. ДАСТОВАРДҲОИ БУЗУРГИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН ДАР САТҲИ ҶАҲОН:(тоҷ.). www.vfarhang.tj (7 июли 2022). 7 июли 2022 санҷида шуд.
  7. 19 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба феҳристи мероси фарҳанги моддии ИСЕСКО шомил гардиданд(тоҷ.). www.khovar.tj (7 июли 2022). 7 июли 2022 санҷида шуд.
  8. www.asiaplus.tj. Вагонҳои нав, таблои иттилоотӣ... Қатораи Душанбе-Тошканд ба роҳ баромад(тоҷ.) (21 июни 2022). 21 июни 2022 санҷида шуд.
  9. www.asiaplustj. Олими риёзидони тоҷик Мерганд Шаҳбозов барандаи ҷоизаи "Ситораҳои иттиҳод"-и ИДМ шуд(тоҷ.) (6 июни 2022). 6 июни 2022 санҷида шуд.
  10. www.tvt.tj. Иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар маросими маҷозии оғози амалигардонии лоиҳаи муштараки бунёди 2 неругоҳи барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон(тоҷ.) (2022-06-3). 3 июни 2022 санҷида шуд.

Ҳамкориҳои ҳафта