Мум
Мум (форсӣ: موم) — моддаҳои равғанмонанди ҳайвонот ё рустанӣ, ки асосан аз эфирҳои мураккаби кислотаҳои одии равған ва спиртҳои калонмолекула (одатан якатома) таркиб ёфтаанд.
Таркиб[вироиш | вироиши манбаъ]
Мум моддаи аморфӣ, қаиш, ҳангоми тафсонидан нармшаванда, аз ҷиҳати кимиёӣ на чандон фаъол, ба таъсири реагентҳои гуногун устувор буда, дар 40—90°С об мешавад. Аз ҷиҳати пайдоиш мум се хел аст: Муми ҳайвонот (муми занбӯри асал, ланолин, спермасет), муми рустанӣ (муми карнауб, канделил, норчил) ва муми кон (муми серезин, монтан). Ғайр аз ин муми синтезӣ ҳаст, ки истеҳсоли он соли 1939 оғоз ёфт. Муми синтезиро аз гидрогенонии оксиди карбон (Муми Фишер-Тротш) ё полиолефинҳои хурдмолекула (масалан, полиэтилени массаи молекулааш аз 2000 то 10000) ҳосил мекунанд.
Корбурд[вироиш | вироиши манбаъ]
Мумро дар техника барои тайёр кардани омехтаҳои сайқалдиҳанда, эмулсияҳои гуногун, коркарди пӯст, чарм, коғаз ва ғайра истифода мебаранд. Муми рустанӣ ба тартибоварандаи низоми оби рустанист. Аз мум дар санъати амалию татствирӣ низ истифода мебаранд.
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]
- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.