Саҳифаи аслӣ
Айни ҳол дар Википедия 104 236 мақола ба забони тоҷикӣ навишта шудааст.
Ибни Сино
Абӯалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Сино ё Ависенна, машҳур ба Абӯалӣ Сино (форсӣ: ابوعلى سينا; (16 августи соли 980, деҳаи Афшана наздики Бухоро — 18 июни соли 1037, Ҳамадон) — яке аз бузургтарин донишмандон ва пизишкони замони худ аст. Ҳамчунин ахтаршинос (астроном), кимиёшинос (химик), геолог, мантиқ, палеонтолог, риёзишинос (математик), табииётшинос (физик), шоир, равоншинос (психолог), файласуф, муаллим ва адиби бузурги форсу-тоҷик.
Вай беш аз 450 рисолаи илмӣ навиштааст, ки то замони мо танҳо 240-то аз он маҳфуз мондаанд. Ин рисолаҳо тамоми соҳаҳои илмро фароҳам гирифта, хусусан, 150-тояшон дар илми фалсафа ва беш аз 40-тои дигар дар илми пизишкӣ ҳастанд. Маъруфтарин асарҳои ӯ китобҳои "Ал-Шифо" ва "Қонун" ҳастанд, ки аз бузуртарин донишномаҳои илмӣ ва фалсафии ҷаҳон буда ва дар донишгоҳҳои Аврупо то асри 19 истифода бурда шудаанд.
Абӯалӣ Сино дар рушди илми тибсаҳми бениҳоят арзандае гузоштааст, ки аз таҷрибаҳои худ, илми пизишкии олими грек Гален, метафизикаи Арасту (Сино яке аз шарҳдиҳандагони асосии Арасту буд), илми пизишкии Форс, Байнаннаҳрайн ва Ҳинди қадима сарчашма гирифта, онҳоро ҳамҷоя андӯхтааст. Сино ҳамчу падари тибби замонавӣ ва фармакологияи клиникӣ ба ҳисоб меравад.
Вай боз асосгузори мантиқи Синоӣ, мактаби фалсафии Синоӣ аст. Ӯ ҳамчу падари мафҳуми фундаменталии физикии моменти ҷисм низ маъруф аст. Вайро ҳамчунин "падари геология" низ мешиносанд, ки дар қонуни суперпозицияи геологӣ саҳми арзанда гузоштааст.
Абунасри Форобӣ
Абунаср Муҳаммад ибни Муҳаммади Форобӣ (форсӣ: ابونصر محمد بن محمد فارابی), маъруф ба — Ал-Форобӣ (ар. الفارابي, дар шакли лотинишуда — Alpharabius; 870 ё 872, Фороб, Қазоқистони кунунӣ — мобайни 14 декабри 950 и 12 январи 951, Димишқ, Сурияи кунунӣ) — файласуф, риёзидон, мусиқишинос ва донишманди машриқзамин. Яке аз бузургтарин намояндагони фалсафаи шарқи асримиёнагӣ.
Абӯнаср Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Тархон ибни Узлағи Форобӣ дар ҳудуди соли 257 ҳиҷрии қамарӣ (870 милодӣ) дар Фороби Хуросон (Қазоқистони кунунӣ) ба дунё омадааст. Дар ҷавонӣ барои таҳсил ба Бағдод рафт ва назди Матто ибни Юнус ба фаро гирифтани мантиқ ва фалсафа пардохт. Сипас ба Ҳаррони Сурия сафар кард ва ба шогирдии Юҳанно ибни Ҳилон даромад. Аз оғози кор, ҳуши саршор ва илмомӯзии вай сабаб шуд, ки ҳамаи мавзӯъҳоеро, ки тадрис мешуд, ба хубӣ фаро бигирад. Ба зудӣ номи ӯ ба унвони файласуф ва донишманд шӯҳрат ёфт. Ва чун ба Бағдод бозгашт, гурӯҳе аз шогирдон гирди ӯ ҷамъ омаданд, ки Яҳё ибни Адий, файласуфи масеҳӣ яке аз онон буд. Дар соли 330 ҳиҷрии қамарӣ (941 милодӣ) ба Димишқ рафт ва ба Сайфуддавлаи Ҳамадонӣ, ҳокими Ҳалаб пайваст ва дар зумраи уламои дарбори ӯ даромад.
Форобӣ аз рӯи маълумоти Ибни Халлиқон дар соли 950 - 951 дар Димишқ дар синни 80-солагӣ дунёро падруд ва дар қабристони «Бобу-с-сағир» дар даврони салтанати Сайфуддавла бо шукӯҳу қадрдонӣ ба хок супорида шудааст.
Нигораи рӯз
Оё медонед?
Аз мақолаҳои нави Википедия:
- Шумо аз Internet Live Stats навсозиҳои даврӣ (омори онлайниӣ шумораи вурудшудагон ва корбарони веб-браузерҳои ҷаҳонӣ) бархурдор ҳастед? Пас ба инҷо нигаред.[1]
- Тибқи маълумоти соли 2020 вазни қиёсии операторони хусусӣ дар бозори алоқаи ҷумҳурӣ 93,4% -ро ташкил дод. Теъдоди корбарони Интернет аввали соли 2021 беш аз 3,3 млн ва муштариёни мобилӣ беш аз 6 млн нафарро ташкил намуд.[2].
- Дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (UNCTAD) "Ҳисоботи технология ва инноватсия 2021" аз чоп баромад. Аз ҷиҳати омодагӣ ба рушди технологияҳои пешрафта, Тоҷикистон дар байни Тимори Шарқӣ ва Иттиҳоди Комор ҷойгир аст ва дар байни 158 кишвари дар рейтинги зикршуда ҷои 143-ро ишғол мекунад. Аз кишварҳои ИДМ — Русия дар ҷойи 27, Беларус дар ҷойи 59, Қазоқистон дар ҷойи 62, Арманистон дар ҷойи 83, Озарбойҷон дар ҷойи 100, Қирғизистон дар ҷойи 115 мебошанд.[3]
- 14 апрел соли 2021 - Муассисаи давлатии телевизиони Тоҷикистон - «ТВ Илм ва табиат» дар ш. Душанбе ба фаъолият оғоз намуд.[4].
Рӯйдодҳои кунунӣ
- Мавзуъоти муҳим
- Омори ҳолатҳои ошкоршудаи COVID-19 дар ҷаҳон
- Омори умумии сироятёфтагон аз COVID-19 дар Тоҷикистон
- Маъракаи эмкунии аҳолӣ бар зидди бемории коронавирус дар Тоҷикистон
- Ҷангҷӯёни «Толибон» рӯзи 15 август бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд
- Шӯрои ҳамоҳангии интиқоли мусолиматомез дар Афғонистон ташкил шудааст
- Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ба бархе аз мансабдорон, низомиён ва кормандони соҳаи фарҳангу илм мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супоридааст.
августи соли 2021
- 31 августи соли 2021 Тибқи маълумоти Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, шумораи умумии сироятёфтагон аз COVID-19 дар саросари ҷаҳон зиёда аз 218 223 310 нафарро ташкил дода, аз ин беморӣ 4 528 321 нафар фавтиданд, 195 117 535 нафар шифо ёфтаанд, ва то ҳол дар ҷаҳон 18 577 454 ба ҳамин сироят гирифторанд. Кишварҳое ки зиёда аз як миллион нафарро Дунёгирии COVID-19 фаро гирифтааст: шаҳрвандони — ИМА (39 953 651 наф.), Ҳиндустон (32 810 815 наф.), Бразилия (20 752 281 наф.) ва диг. ки зиёда аз як млн. наф. сироятёфтагон доранд: Фаронса, Русия, Туркия, Бритониёи Кабир, Италия, Испания, Олмон, Аргентина, Лаҳистон, Колумбия, Мексика, Эрон, Украина, Перу, Индонезия, Чехия, Африқои Ҷанубӣ, Нидерландия, Канада, Чили, Ироқ , Руминия, Филиппин, Шветсия, Белгия, Покистон, Ҷопон, Таиланд, Португалия, Исроил дохил шудаанд.[5].
- 31 августи соли 2021 Омори сироятёфтагон аз COVID-19: Теъдоди умумии маризони коронавирус дар Тоҷикистон ба 16 852 баробар шуд, ки аз ин миён 16 698 бемор комилан сиҳат ёфтаанд ва теъдоди қурбониён аз коронавирус ба 124 нафар баробар шуд.[6].
- 31 августи соли 2021 Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ба бархе аз мансабдорони кунуниву пешина ва вакилони парлумон мукофоти давлатӣ супурд.
[7].
- 25 августи соли 2021 Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқоти имрӯзаш бо вазири корҳои хориҷии Покистон Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ мавқеи Тоҷикистонро дар қиболи ҳаводиси Афғонистон ва тассаруфи ин кишвар аз сӯйи гурӯҳи "Толибон" равшан кард. Мавқеи Тоҷикистон дар баробари "Толибон": Ҳукумати фарогир бо иштироки тоҷикон ташкил шавад.
[8].
- 20 августи соли 2021 Вазири корҳои хориҷии Русия мегӯяд, ҷабҳаи мубориза бо Толибон дар водии Панҷшер ташкил шудааст, ки ба он Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали Ашраф Ғанӣ ва Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд раҳбарӣ мекунанд.[9].
- 18 августи соли 2021 Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як маросими хос ба 120 нафар мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супоридааст.[10].
- 11 августи соли 2021 Тибқи маълумоти Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, шумораи умумии сироятёфтагон аз COVID-19 дар саросари ҷаҳон зиёда аз 205 068 448 нафарро ташкил дода, аз ин беморӣ 4 331 925 нафар фавтиданд, 184 166 187 нафар шифо ёфтаанд, ва то ҳол дар ҷаҳон 16 570 336 ба ҳамин сироят гирифторанд. Кишварҳое ки зиёда аз як миллион нафарро Дунёгирии COVID-19 фаро гирифтааст: шаҳрвандони — ИМА, Ҳиндустон, Бразилия, Фаронса, Русия, Туркия, Бритониёи Кабир, Италия, Испания, Олмон, Аргентина, Лаҳистон, Колумбия, Мексика, Эрон, Украина, Перу, Индонезия, Чехия, Африқои Ҷанубӣ, Нидерландия, Канада, Чили, Ироқ , Руминия, Филиппин, Шветсия, Белгия, Покистон, Ҷопон дохил шудаанд.[11].
- 17 августи соли 2021 Ба ҳолати шоми 17 августи соли 2021 дар ҳудуди Ҷумҳури Тоҷикистон 1 миллиону 755 ҳазору 958 нафар шаҳрвандон ё 29,5% аҳолӣ ваксина, ҷумла беш аз 212 ҳазор нафар онҳо вояи дуюми ваксинаро гирифтаанд. Ҷиҳати ҳифзи аҳолӣ аз гирифторӣ ба бемории COVID-19 4 миллиону 160 ҳазору 740 воя ваксина вориди Ҷумҳури Тоҷикистон гардонида шуд.[12]
- 15 августи соли 2021 Шӯрои ҳамоҳангии интиқоли мусолиматомез дар Афғонистон ташкил шудааст. Бино ба ин изҳороти Ҳомид Карзай, дар раъси ин шӯро, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон, Гулбиддин Ҳикматёр, раиси ҳизби исломии Афғонистон қарор доранд.[13]
- 15 августи соли 2021 Ҷангҷӯёни «Толибон», тибқи иттилои шабакаи телевизионии Al Arabiya, рӯзи якшанбе бидуни ҷанг вориди Кобул шуда, ба ишғоли идорҳои давлатӣ, ки неруҳои ҳукуматӣ тарк кардаанд, шурӯъ намуданд. Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай 15 август ба истеъфо баромад ва кишварро тарк намуд.[14]
Эзоҳ
- ↑ Internet Live Stats Омори онлайнӣ
- ↑ Дар Тоҷикистон соли гузашта даромади операторони хусусии алоқа афзоиш ёфт(тоҷ.). khovar.tj. 5 марти 2020 санҷида шуд.
- ↑ Таджикистан оказался в конце рейтинга по готовности к развитию новых технологий /avesta.tj/2021/02/26/
- ↑ Имрӯз дар Душанбе Шабакаи нави телевизиони Тоҷикистон «Илм ва табиат» ифтитоҳ гардид(тоҷ.). khovar.tj. 14 апрели 2020 санҷида шуд.
- ↑ Муфассал: Коронавирус COVID-19 Global Cases дар рӯзи 2021-08-23,соат 20:28(рус.). koronovirus.site. 31 августи 2020 санҷида шуд.
- ↑ Портали ягонаи миллӣ оид ба коронавирус (COVID-19)(тоҷ.). covid.tj. 31 августи 2020 санҷида шуд.
- ↑ Идомаи мукофотгириҳо: аз Рустами Эмомаливу Убайдуллоеву Достиев то Бег Сабур(рус.). www.asiaplustj.info. 31 августи 2020 санҷида шуд.
- ↑ shavad Мавқеи Тоҷикистон дар баробари "Толибон":Ҳукумати фарогир бо иштироки тоҷикон ташкилшавад(рус.). www.asiaplustj.info. 25 августи 2020 санҷида шуд.
- ↑ Аҳмад Масъуд ва Амруллоҳ Солеҳ дар Панҷшер ҷабҳаи зидди Толибонро ташкил карданд(рус.). www.asiaplustj.info. 20 августи 2020 санҷида шуд.
- ↑ Ордени "Шараф", нависандаву ҳофизи халқӣ, корманди шоиставу хидмати шоиста: ҷоизаву унвонҳои давлатӣ ба 120 нафар(рус.). www.asiaplustj.info. 18 августи 2020 санҷида шуд.
- ↑ Муфассал: Коронавирус COVID-19 Global Cases дар рӯзи 2021-08-11, соат 18:55(рус.). koronovirus.site. 19 августи 2020 санҷида шуд.
- ↑ ВАКСИНА – ВОСИТАИ ПАСТ КАРДАНИ ШИДДАТИ БЕМОРИИ COVID-19. Дар Душанбе маъракаи эмкунии аҳолӣ бар зидди бемории коронавирус 77% иҷро гардид(тоҷ.). www.khovar.tj. 18 августи 2021 санҷида шуд.
- ↑ Кобул Суқут кард. Абдуллоҳ, Карзай, Ҳикматёр шӯрои ҳомоҳангии интиқоли мусолиматомези Афғонистонро ташкил доданд(тоҷ.). www.asiaplustj.info/tj/. 15 августи 2021 санҷида шуд.
- ↑ ТОЛИБОН ДИРӮЗ БА КОБУЛ ДАРОМАДА, ПАРЧАМИ ХУДРО БОЛОИ ҚАСРИ ПРЕЗИДЕНТ БАРАФРОХТАНД. Онҳо изҳор доштанд, ки ба Ашраф Ғанӣ пешниҳоди бо роҳи осоишта супоридани қудрат намуданд, аммо ӯ фирор кард(тоҷ.). www.khovar.tj. 17 августи 2021 санҷида шуд.
Ҳамкориҳои ҳафта
Википедия ҷойгиршуда дар сервери Бунёди Викимедиа — созмони ғайритиҷорӣ, ки дорои шуморе лоиҳаи чандзабона ва муҳтавиёти озод бо унвонҳои зер аст:
- Викилуғат Фарҳанги вожаҳо
- Викигуфтовард Гуфтовардҳо
- Викикитоб Учебники
- Викинабишта Матнҳои асл ва сарчашмаҳо
- Викиахбор Хабарҳо
- Викидонишгоҳ Сарчашмаҳои омӯзишӣ
- Викинамуд Намудҳои биологӣ
- Медиавики Нармафзори Вики
- Викидода Пойгоҳи дониш
- Викианбор Анбори расонаҳо
- Викисафар Роҳнамои сафар
- Фаро-вики Ҳамоҳангкунандаи лоиҳаҳо