Саҳифаи аслӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Мақолаи баргузида

Ибни Сино

Муҷассамаи Ибни сино дар назди қароргоҳи СММ

Абӯалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Сино ё Ависенна, машҳур ба Абӯалӣ Сино (форсӣ: ابوعلى سينا‎; (16 августи соли 980, деҳаи Афшана наздики Бухоро18 июни соли 1037, Ҳамадон) — яке аз бузургтарин донишмандон ва пизишкони замони худ аст. Ҳамчунин ахтаршинос (астроном), кимиёшинос (химик), геолог, мантиқ, палеонтолог, риёзишинос (математик), табииётшинос (физик), шоир, равоншинос (психолог), файласуф, муаллим ва адиби бузурги форсу-тоҷик.

Вай беш аз 450 рисолаи илмӣ навиштааст, ки то замони мо танҳо 240-то аз он маҳфуз мондаанд. Ин рисолаҳо тамоми соҳаҳои илмро фароҳам гирифта, хусусан, 150-тояшон дар илми фалсафа ва беш аз 40-тои дигар дар илми пизишкӣ ҳастанд. Маъруфтарин асарҳои ӯ китобҳои "Ал-Шифо" ва "Қонун" ҳастанд, ки аз бузуртарин донишномаҳои илмӣ ва фалсафии ҷаҳон буда ва дар донишгоҳҳои Аврупо то асри 19 истифода бурда шудаанд.

Абӯалӣ Сино дар рушди илми тибсаҳми бениҳоят арзандае гузоштааст, ки аз таҷрибаҳои худ, илми пизишкии олими грек Гален, метафизикаи Арасту (Сино яке аз шарҳдиҳандагони асосии Арасту буд), илми пизишкии Форс, Байнаннаҳрайн ва Ҳинди қадима сарчашма гирифта, онҳоро ҳамҷоя андӯхтааст. Сино ҳамчу падари тибби замонавӣ ва фармакологияи клиникӣ ба ҳисоб меравад.

Вай боз асосгузори мантиқи Синоӣ, мактаби фалсафии Синоӣ аст. Ӯ ҳамчу падари мафҳуми фундаменталии физикии моменти ҷисм низ маъруф аст. Вайро ҳамчунин "падари геология" низ мешиносанд, ки дар қонуни суперпозицияи геологӣ саҳми арзанда гузоштааст.

Мақолаи хуб

Абунасри Форобӣ

Тасвири Абунасри Форобӣ дар маркаи Эрон

Абунаср Муҳаммад ибни Муҳаммади Форобӣ (форсӣ: ابونصر محمد بن محمد فارابی‎), маъруф ба — Ал-Форобӣ (ар. الفارابي‎, дар шакли лотинишуда — Alpharabius; 870 ё 872, Фороб, Қазоқистони кунунӣ — мобайни 14 декабри 950 и 12 январи 951, Димишқ, Сурияи кунунӣ) — файласуф, риёзидон, мусиқишинос ва донишманди машриқзамин. Яке аз бузургтарин намояндагони фалсафаи шарқи асримиёнагӣ.

Абӯнаср Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Тархон ибни Узлағи Форобӣ дар ҳудуди соли 257 ҳиҷрии қамарӣ (870 милодӣ) дар Фороби Хуросон (Қазоқистони кунунӣ) ба дунё омадааст. Дар ҷавонӣ барои таҳсил ба Бағдод рафт ва назди Матто ибни Юнус ба фаро гирифтани мантиқ ва фалсафа пардохт. Сипас ба Ҳаррони Сурия сафар кард ва ба шогирдии Юҳанно ибни Ҳилон даромад. Аз оғози кор, ҳуши саршор ва илмомӯзии вай сабаб шуд, ки ҳамаи мавзӯъҳоеро, ки тадрис мешуд, ба хубӣ фаро бигирад. Ба зудӣ номи ӯ ба унвони файласуф ва донишманд шӯҳрат ёфт. Ва чун ба Бағдод бозгашт, гурӯҳе аз шогирдон гирди ӯ ҷамъ омаданд, ки Яҳё ибни Адий, файласуфи масеҳӣ яке аз онон буд. Дар соли 330 ҳиҷрии қамарӣ (941 милодӣ) ба Димишқ рафт ва ба Сайфуддавлаи Ҳамадонӣ, ҳокими Ҳалаб пайваст ва дар зумраи уламои дарбори ӯ даромад.

Форобӣ аз рӯи маълумоти Ибни Халлиқон дар соли 950 - 951 дар Димишқ дар синни 80-солагӣ  дунёро падруд ва дар қабристони «Бобу-с-сағир» дар даврони салтанати Сайфуддавла бо шукӯҳу қадрдонӣ ба хок супорида шудааст.

Аз мақолаҳои нав

Оё медонед?

Аз мақолаҳои нави Википедия:

  • Шумо аз Internet Live Stats навсозиҳои даврӣ (омори онлайниӣ шумораи вурудшудагон ва корбарони веб-браузерҳои ҷаҳонӣ) бархурдор ҳастед? Пас ба инҷо нигаред.[1]
  • Тибқи маълумоти соли 2020 вазни қиёсии операторони хусусӣ дар бозори алоқаи ҷумҳурӣ 93,4% -ро ташкил дод. Теъдоди корбарони Интернет аввали соли 2021 беш аз 3,3 млн ва муштариёни мобилӣ беш аз 6 млн нафарро ташкил намуд.[2].
  • Дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (UNCTAD) "Ҳисоботи технология ва инноватсия 2021" аз чоп баромад. Аз ҷиҳати омодагӣ ба рушди технологияҳои пешрафта, Тоҷикистон дар байни Тимори Шарқӣ ва Иттиҳоди Комор ҷойгир аст ва дар байни 158 кишвари дар рейтинги зикршуда ҷои 143-ро ишғол мекунад. Аз кишварҳои ИДМРусия дар ҷойи 27, Беларус дар ҷойи 59, Қазоқистон дар ҷойи 62, Арманистон дар ҷойи 83, Озарбойҷон дар ҷойи 100, Қирғизистон дар ҷойи 115 мебошанд.[3]
  • 14 апрел соли 2021 - Муассисаи давлатии телевизиони Тоҷикистон - «ТВ Илм ва табиат» дар ш. Душанбе ба фаъолият оғоз намуд.[4].

Рӯйдодҳои кунунӣ

Мавзуъоти муҳим
Омори ҳолатҳои ошкоршудаи COVID-19 дар ҷаҳон
Омори умумии сироятёфтагон аз COVID-19 дар Тоҷикистон
Маъракаи эмкунии аҳолӣ бар зидди бемории коронавирус дар Тоҷикистон
Ҷангҷӯёни «Толибон» рӯзи 15 август бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд
Шӯрои ҳамоҳангии интиқоли мусолиматомез дар Афғонистон ташкил шудааст
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ба бархе аз мансабдорон, низомиён ва кормандони соҳаи фарҳангу илм мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супоридааст.

августи соли 2021

[7].

  • 25 августи соли 2021 Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқоти имрӯзаш бо вазири корҳои хориҷии Покистон Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ мавқеи Тоҷикистонро дар қиболи ҳаводиси Афғонистон ва тассаруфи ин кишвар аз сӯйи гурӯҳи "Толибон" равшан кард. Мавқеи Тоҷикистон дар баробари "Толибон": Ҳукумати фарогир бо иштироки тоҷикон ташкил шавад.

[8].

Эзоҳ

  1. Internet Live Stats Омори онлайнӣ
  2. Дар Тоҷикистон соли гузашта даромади операторони хусусии алоқа афзоиш ёфт(тоҷ.). khovar.tj. 5 марти 2020 санҷида шуд.
  3. Таджикистан оказался в конце рейтинга по готовности к развитию новых технологий /avesta.tj/2021/02/26/
  4. Имрӯз дар Душанбе Шабакаи нави телевизиони Тоҷикистон «Илм ва табиат» ифтитоҳ гардид(тоҷ.). khovar.tj. 14 апрели 2020 санҷида шуд.
  5. Муфассал: Коронавирус COVID-19 Global Cases дар рӯзи 2021-08-23,соат 20:28(рус.). koronovirus.site. 31 августи 2020 санҷида шуд.
  6. Портали ягонаи миллӣ оид ба коронавирус (COVID-19)(тоҷ.). covid.tj. 31 августи 2020 санҷида шуд.
  7. Идомаи мукофотгириҳо: аз Рустами Эмомаливу Убайдуллоеву Достиев то Бег Сабур(рус.). www.asiaplustj.info. 31 августи 2020 санҷида шуд.
  8. shavad Мавқеи Тоҷикистон дар баробари "Толибон":Ҳукумати фарогир бо иштироки тоҷикон ташкилшавад(рус.). www.asiaplustj.info. 25 августи 2020 санҷида шуд.
  9. Аҳмад Масъуд ва Амруллоҳ Солеҳ дар Панҷшер ҷабҳаи зидди Толибонро ташкил карданд(рус.). www.asiaplustj.info. 20 августи 2020 санҷида шуд.
  10. Ордени "Шараф", нависандаву ҳофизи халқӣ, корманди шоиставу хидмати шоиста: ҷоизаву унвонҳои давлатӣ ба 120 нафар(рус.). www.asiaplustj.info. 18 августи 2020 санҷида шуд.
  11. Муфассал: Коронавирус COVID-19 Global Cases дар рӯзи 2021-08-11, соат 18:55(рус.). koronovirus.site. 19 августи 2020 санҷида шуд.
  12. ВАКСИНА – ВОСИТАИ ПАСТ КАРДАНИ ШИДДАТИ БЕМОРИИ COVID-19. Дар Душанбе маъракаи эмкунии аҳолӣ бар зидди бемории коронавирус 77% иҷро гардид(тоҷ.). www.khovar.tj. 18 августи 2021 санҷида шуд.
  13. Кобул Суқут кард. Абдуллоҳ, Карзай, Ҳикматёр шӯрои ҳомоҳангии интиқоли мусолиматомези Афғонистонро ташкил доданд(тоҷ.). www.asiaplustj.info/tj/. 15 августи 2021 санҷида шуд.
  14. ТОЛИБОН ДИРӮЗ БА КОБУЛ ДАРОМАДА, ПАРЧАМИ ХУДРО БОЛОИ ҚАСРИ ПРЕЗИДЕНТ БАРАФРОХТАНД. Онҳо изҳор доштанд, ки ба Ашраф Ғанӣ пешниҳоди бо роҳи осоишта супоридани қудрат намуданд, аммо ӯ фирор кард(тоҷ.). www.khovar.tj. 17 августи 2021 санҷида шуд.

Ҳамкориҳои ҳафта