Саҳифаи аслӣ
Айни ҳол дар Википедия 103 757 мақола ба забони тоҷикӣ навишта шудааст.
Ибни Сино
Абӯалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Сино ё Ависенна, машҳур ба Абӯалӣ Сино (форсӣ: ابوعلى سينا; (16 августи соли 980, деҳаи Афшана наздики Бухоро — 18 июни соли 1037, Ҳамадон) — яке аз бузургтарин донишмандон ва пизишкони замони худ аст. Ҳамчунин ахтаршинос (астроном), кимиёшинос (химик), геолог, мантиқ, палеонтолог, риёзишинос (математик), табииётшинос (физик), шоир, равоншинос (психолог), файласуф, муаллим ва адиби бузурги форсу-тоҷик.
Вай беш аз 450 рисолаи илмӣ навиштааст, ки то замони мо танҳо 240-то аз он маҳфуз мондаанд. Ин рисолаҳо тамоми соҳаҳои илмро фароҳам гирифта, хусусан, 150-тояшон дар илми фалсафа ва беш аз 40-тои дигар дар илми пизишкӣ ҳастанд. Маъруфтарин асарҳои ӯ китобҳои "Ал-Шифо" ва "Қонун" ҳастанд, ки аз бузуртарин донишномаҳои илмӣ ва фалсафии ҷаҳон буда ва дар донишгоҳҳои Аврупо то асри 19 истифода бурда шудаанд.
Абӯалӣ Сино дар рушди илми тибсаҳми бениҳоят арзандае гузоштааст, ки аз таҷрибаҳои худ, илми пизишкии олими грек Гален, метафизикаи Арасту (Сино яке аз шарҳдиҳандагони асосии Арасту буд), илми пизишкии Форс, Байнаннаҳрайн ва Ҳинди қадима сарчашма гирифта, онҳоро ҳамҷоя андӯхтааст. Сино ҳамчу падари тибби замонавӣ ва фармакологияи клиникӣ ба ҳисоб меравад.
Вай боз асосгузори мантиқи Синоӣ, мактаби фалсафии Синоӣ аст. Ӯ ҳамчу падари мафҳуми фундаменталии физикии моменти ҷисм низ маъруф аст. Вайро ҳамчунин "падари геология" низ мешиносанд, ки дар қонуни суперпозицияи геологӣ саҳми арзанда гузоштааст.
Абунасри Форобӣ
Абунаср Муҳаммад ибни Муҳаммади Форобӣ (форсӣ: ابونصر محمد بن محمد فارابی), маъруф ба — Ал-Форобӣ (ар. الفارابي, дар шакли лотинишуда — Alpharabius; 870 ё 872, Фороб, Қазоқистони кунунӣ — мобайни 14 декабри 950 и 12 январи 951, Димишқ, Сурияи кунунӣ) — файласуф, риёзидон, мусиқишинос ва донишманди машриқзамин. Яке аз бузургтарин намояндагони фалсафаи шарқи асримиёнагӣ.
Абӯнаср Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Тархон ибни Узлағи Форобӣ дар ҳудуди соли 257 ҳиҷрии қамарӣ (870 милодӣ) дар Фороби Хуросон (Қазоқистони кунунӣ) ба дунё омадааст. Дар ҷавонӣ барои таҳсил ба Бағдод рафт ва назди Матто ибни Юнус ба фаро гирифтани мантиқ ва фалсафа пардохт. Сипас ба Ҳаррони Сурия сафар кард ва ба шогирдии Юҳанно ибни Ҳилон даромад. Аз оғози кор, ҳуши саршор ва илмомӯзии вай сабаб шуд, ки ҳамаи мавзӯъҳоеро, ки тадрис мешуд, ба хубӣ фаро бигирад. Ба зудӣ номи ӯ ба унвони файласуф ва донишманд шӯҳрат ёфт. Ва чун ба Бағдод бозгашт, гурӯҳе аз шогирдон гирди ӯ ҷамъ омаданд, ки Яҳё ибни Адий, файласуфи масеҳӣ яке аз онон буд. Дар соли 330 ҳиҷрии қамарӣ (941 милодӣ) ба Димишқ рафт ва ба Сайфуддавлаи Ҳамадонӣ, ҳокими Ҳалаб пайваст ва дар зумраи уламои дарбори ӯ даромад.
Форобӣ аз рӯи маълумоти Ибни Халлиқон дар соли 950 - 951 дар Димишқ дар синни 80-солагӣ дунёро падруд ва дар қабристони «Бобу-с-сағир» дар даврони салтанати Сайфуддавла бо шукӯҳу қадрдонӣ ба хок супорида шудааст.
Нигораи рӯз
Оё медонед?
Аз мақолаҳои нави Википедия:
- Шумо аз Internet Live Stats навсозиҳои даврӣ (омори онлайниӣ шумораи вурудшудагон ва корбарони веб-браузерҳои ҷаҳонӣ) бархурдор ҳастед? Пас ба инҷо нигаред.[1]
- Тибқи маълумоти соли 2020 вазни қиёсии операторони хусусӣ дар бозори алоқаи ҷумҳурӣ 93,4% -ро ташкил дод. Теъдоди корбарони Интернет аввали соли 2021 беш аз 3,3 млн ва муштариёни мобилӣ беш аз 6 млн нафарро ташкил намуд.[2].
- Дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (UNCTAD) "Ҳисоботи технология ва инноватсия 2021" аз чоп баромад. Аз ҷиҳати омодагӣ ба рушди технологияҳои пешрафта, Тоҷикистон дар байни Тимори Шарқӣ ва Иттиҳоди Комор ҷойгир аст ва дар байни 158 кишвари дар рейтинги зикршуда ҷои 143-ро ишғол мекунад. Аз кишварҳои ИДМ — Русия дар ҷойи 27, Беларус дар ҷойи 59, Қазоқистон дар ҷойи 62, Арманистон дар ҷойи 83, Озарбойҷон дар ҷойи 100, Қирғизистон дар ҷойи 115 мебошанд.[3]
- 14 апрел соли 2021 - Муассисаи давлатии телевизиони Тоҷикистон - «ТВ Илм ва табиат» дар ш. Душанбе ба фаъолият оғоз намуд.[4].
Рӯйдодҳои кунунӣ
- Мавзуъоти муҳим
- Омори ҳолатҳои ошкоршудаи COVID-19 дар ҷаҳон
- Омори умумии сироятёфтагон аз COVID-19 дар Тоҷикистон
- Тоҷикистон аз Озарбойҷон 40 ҳазор вояи доруи англисӣ-шведӣ барои коронавируси ваксинаи AstraZeneca гирифт
- Италия дуввумин ҷоми қаҳрамонии Аврупоро ба даст даровард
- 10 варзишгари Тоҷикистон аз рӯи чор намуди варзиш дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 ширкат мекунанд
июли соли 2021
- 21 июли соли 2021 Омори сироятёфтагон аз COVID-19: Теъдоди умумии маризони коронавирус дар Тоҷикистон ба 14228 баробар шуд, ки аз ин миён 13 801 бемор комилан сиҳат ёфтаанд ва теъдоди қурбониён аз коронавирус ба 114 нафар баробар шуд.[5]. [6]
- 21 июли соли 2021 Тибқи маълумоти Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, шумораи умумии сироятёфтагон аз COVID-19 дар саросари ҷаҳон зиёда аз 192 274 819 нафарро ташкил дода, аз ин беморӣ 4 133 943 нафар фавтиданд, 174 960 319 нафар шифо ёфтаанд, ва то ҳол дар ҷаҳон 13 180 557 ба ҳамин сироят гирифторанд. Кишварҳое ки зиёда аз як миллион нафарро Дунёгирии COVID-19 фаро гирифтааст: шаҳрвандони — ИМА, Ҳиндустон, Бразилия, Фаронса, Русия, Туркия, Бритониёи Кабир, Италия, Испания, Олмон, Аргентина, Лаҳистон, Колумбия, Мексика, Эрон, Украина, Перу, Индонезия, Чехия, Африқои Ҷанубӣ, Нидерландия, Канада, Чили, Ироқ , Руминия, Филиппин, Шветсия, Белгия дохил шудаанд. [7]
- 21 июли соли 2021 Хабаргузории Trend бо истинод ба Azerbaijan Airlines хабар додааст, ки Тоҷикистон аз Озарбойҷон 40 ҳазор вояи доруи англисӣ-шведӣ барои коронавируси ваксинаи AstraZeneca гирифт.; Тоҷикистон интизори қабули ваксинаи коронавирус аз чанд кишвари дигар аст.[8].
- 19 июни соли 2021 Ҳайати олимпии Тоҷикистон иборат аз 10 варзишгар аз рӯи чор намуди варзиш дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 ширкат мекунанд: Усмонов Баҳодур, Негматуллоев Шаббос, Зуҳуров Сиёвуш (бокс), Маҳмадбеков Сомон, Муродов Акмал, Устопириён Комроншоҳ, Раҳимов Темур (ҷудо), Аҳмадиев Илдар (варзиши сабук), Тюрина Анастасия ва Ишанов Олимҷон (шиноварӣ). гардид.[9].
- 12 июли соли 2021 Чемпионати ЕВРО-2020 оид ба футбол. 11 июл тими миллии Италия бо яккачини Англия вохӯрд. Вақти асосӣ ва изофии вохӯрӣ бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Итолиёвиҳо дар задани силсилаи пеналтӣ ғалаба ба даст оварданд. (3:2) Италия дуввумин ҷоми қаҳрамонии Аврупоро бо гузашти 53 сол ба даст овард.[10].
Эзоҳ
- ↑ Internet Live Stats Омори онлайнӣ
- ↑ Дар Тоҷикистон соли гузашта даромади операторони хусусии алоқа афзоиш ёфт(тоҷ.). khovar.tj. 5 марти 2020 санҷида шуд.
- ↑ Таджикистан оказался в конце рейтинга по готовности к развитию новых технологий /avesta.tj/2021/02/26/
- ↑ Имрӯз дар Душанбе Шабакаи нави телевизиони Тоҷикистон «Илм ва табиат» ифтитоҳ гардид(тоҷ.). khovar.tj. 14 апрели 2020 санҷида шуд.
- ↑ Афзоиши маргу гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон(тоҷ.). sputnik-tj.com. 21 июли 2020 санҷида шуд.
- ↑ covid.tj дар рӯзи 21.07.2021
- ↑ Муфассал: Коронавирус COVID-19 Global Cases дар рӯзи 2021-07-21, соат 08:34
- ↑ Боз як кишвари дигар ба Тоҷикистон ваксинаи коронавирус медиҳад(тоҷ.). sputnik-tj.com. sputnik-tj.com. 21 июли 2020 санҷида шуд.
- ↑ Темур Раҳимов – парчамбардори ҳайати олимпии Тоҷикистон(тоҷ.). varzishtv.tj. varzishtv.tj. 11 июни 2020 санҷида шуд.
- ↑ Итолиёвиҳо дар задани силсилаи пеналтӣ ғалаба ба даст оварданд(тоҷ.). ftv.tj. ftv.tj. 12 июли 2020 санҷида шуд.
Ҳамкориҳои ҳафта
Википедия ҷойгиршуда дар сервери Бунёди Викимедиа — созмони ғайритиҷорӣ, ки дорои шуморе лоиҳаи чандзабона ва муҳтавиёти озод бо унвонҳои зер аст:
- Викилуғат Фарҳанги вожаҳо
- Викигуфтовард Гуфтовардҳо
- Викикитоб Учебники
- Викинабишта Матнҳои асл ва сарчашмаҳо
- Викиахбор Хабарҳо
- Викидонишгоҳ Сарчашмаҳои омӯзишӣ
- Викинамуд Намудҳои биологӣ
- Медиавики Нармафзори Вики
- Викидода Пойгоҳи дониш
- Викианбор Анбори расонаҳо
- Викисафар Роҳнамои сафар
- Фаро-вики Ҳамоҳангкунандаи лоиҳаҳо