Абдуссалом
Абдуссалом | |
англ. Abdus Salam | |
Санаи таваллуд: | |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Санаи марг: | |
Маҳалли марг: | |
Мамлакат: | |
Фазои илмӣ: | |
Ҷойҳои кор: | |
Алма-матер: | |
Роҳбари илмӣ: | |
Шогирдони маъруф: | |
Ҷоизаҳо: | |
Имзо: | |
Абдуссалом дар Викианбор |
Абдуссалом (29 январи 1926, Ҷанг, Покистон – 21 ноябри 1996, Оксфорд) — физик-назариётчии покистонӣ, барандаи Ҷоизаи Нобел (1979).
Зиндагинома[вироиш]
Соли 1946 Коллеҷи давлатии Донишгоҳи Панҷобро дар Лоҳур хатм намуда, ба Донишгоҳи Кембриҷи Англия дохил мешавад. Соли 1949 рисолаи магистрӣ ва соли 1952 рисолаи докториро аз фанни электродинамикаи квантӣ ҳимоя кардааст. Солҳои 1951 – 54 профессор математикаи Коллеҷи давлатии Покистон, 1954 – 57 муаллими математикаи Донишгоҳи Кембриҷ, 1957 – 61 профессор кафедраи физикаи назариявии Коллеҷи империявии Лондон, 1961 – 64 мушовири Президенти Покистон оид ба илм, 1964 – 93 директори Маркази байналхалқии физикаи назариявӣ дар Триест (Италия), ҳамзамон солҳои 1964 – 75 узв ва 1971 – 72 раиси Кумитаи машваратии СММ оид ба илм ва техника буд. Солҳо 1960-ум роҳбари сохтмони реактори атомӣ дар Покистон буд. Реактор солҳои 1965-1966 ба истеҳсоли энергияи атомӣ шурӯъ намудааст. Ҳангоми иҷрои вазифаи мушовири Президенти Покистон оид ба илм солҳои 1972-1974 Абдуссалом роҳбари лоиҳаи истеҳсоли яроқи ҳастаӣ буд. Соли 1974 ӯ аз Покистон бинобар узви равияи хурофотии Аҳмадийа буданаш (дар Покистон хурофоти ғайриисломӣ эълон шудааст) муҳоҷират намудааст.[3]
Осори Илмӣ[вироиш]
Аз миёнаи соли 1950 Абдуссалом оид ба назарияи умумии таъсирҳои фундаменталӣ кор карда, дар муттаҳид сохтани назарияи электромагнетизм бо таъсироти зӯр ва суст кӯшиш намудааст. Абдуссалом назарияи инвариантнокии Ш. Глэшоуро истифода намуда, соли 1968 (новобаста ба С. Вайнберг) назарияеро созмон дод, ки он таъсироти суст ва электромагнитиро ба як таъсирот муттаҳид мекунад. Абдуссалом нишон дод, ки барандагони таъсироти суст зарраҳои зарядноки W+, W– ва заррачаи нейтралии Z0 ҳастанд.
Ҷоизаҳо[вироиш]
Абдуссалом барои ин асараш соли 1979 ҳамроҳи С. Вайнберг ва Ш. Глешоу сазовори мукофоти Нобелӣ гардид. Абдуссалом инчунин бо мукофоти «Атом баҳри сулҳ» (1968), медалҳои «Максвелл»-и ҷамъияти физикии Лондон (1961), «Хюз» (1964), медали шоҳии Ҷамъияти шоҳии Лондон (1978), медали тиллои Ломоносови АИ СССР (1983) ва бисёр мукофотҳои дигар сарфароз гардидааст. Абдуссалом узви академияҳои илмии бисёр давлатҳо, аз он ҷумла узви хориҷии АИ СССР буд.
Эзоҳ[вироиш]
- ↑ 1.0 1.1 Математическая генеалогия — 1997.
- ↑ 2.0 2.1 Математическая генеалогия — 1997.
- ↑ Аз Википедияи русӣ
Сарчашма[вироиш]
- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2017, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Зодагони 29 январ
- Зодагони соли 1926
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони Панҷоб
- Даргузаштагони 21 ноябр
- Даргузаштагони соли 1996
- Даргузаштагони Оксфорд
- Википедия:Мақолаҳои бо сарчашма аз Викидода
- Барандагони Ҷоизаи Нобел дар бахши физика
- Барандагони ҷоизаи Нобел ба тартиби алифбо
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без подписи
- Олимон аз рӯи алифбо
- Мақолаҳои нопурра дар бораи олимон
- Олимони Британиёи Кабир
- Олимони Покистон
- Олимони асри XX