Саҳифаи аслӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Мақолаи баргузида

Ибни Сино

Муҷассамаи Ибни сино дар назди қароргоҳи СММ

Абӯалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Сино ё Ависенна, машҳур ба Абӯалӣ Сино (форсӣ: ابوعلى سينا‎; (16 августи соли 980, деҳаи Афшана наздики Бухоро18 июни соли 1037, Ҳамадон) — яке аз бузургтарин донишмандон ва пизишкони замони худ аст. Ҳамчунин ахтаршинос (астроном), кимиёшинос (химик), геолог, мантиқ, палеонтолог, риёзишинос (математик), табииётшинос (физик), шоир, равоншинос (психолог), файласуф, муаллим ва адиби бузурги форсу-тоҷик.

Вай беш аз 450 рисолаи илмӣ навиштааст, ки то замони мо танҳо 240-то аз он маҳфуз мондаанд. Ин рисолаҳо тамоми соҳаҳои илмро фароҳам гирифта, хусусан, 150-тояшон дар илми фалсафа ва беш аз 40-тои дигар дар илми пизишкӣ ҳастанд. Маъруфтарин асарҳои ӯ китобҳои "Ал-Шифо" ва "Қонун" ҳастанд, ки аз бузуртарин донишномаҳои илмӣ ва фалсафии ҷаҳон буда ва дар донишгоҳҳои Аврупо то асри 19 истифода бурда шудаанд.

Абӯалӣ Сино дар рушди илми тибсаҳми бениҳоят арзандае гузоштааст, ки аз таҷрибаҳои худ, илми пизишкии олими грек Гален, метафизикаи Арасту (Сино яке аз шарҳдиҳандагони асосии Арасту буд), илми пизишкии Форс, Байнаннаҳрайн ва Ҳинди қадима сарчашма гирифта, онҳоро ҳамҷоя андӯхтааст. Сино ҳамчу падари тибби замонавӣ ва фармакологияи клиникӣ ба ҳисоб меравад.

Вай боз асосгузори мантиқи Синоӣ, мактаби фалсафии Синоӣ аст. Ӯ ҳамчу падари мафҳуми фундаменталии физикии моменти ҷисм низ маъруф аст. Вайро ҳамчунин "падари геология" низ мешиносанд, ки дар қонуни суперпозицияи геологӣ саҳми арзанда гузоштааст.

Мақолаи хуб

Абунасри Форобӣ

Тасвири Абунасри Форобӣ дар маркаи Эрон

Абунаср Муҳаммад ибни Муҳаммади Форобӣ (форсӣ: ابونصر محمد بن محمد فارابی‎), маъруф ба — Ал-Форобӣ (ар. الفارابي‎, дар шакли лотинишуда — Alpharabius; 870 ё 872, Фороб, Қазоқистони кунунӣ — мобайни 14 декабри 950 и 12 январи 951, Димишқ, Сурияи кунунӣ) — файласуф, риёзидон, мусиқишинос ва донишманди машриқзамин. Яке аз бузургтарин намояндагони фалсафаи шарқи асримиёнагӣ.

Абӯнаср Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Тархон ибни Узлағи Форобӣ дар ҳудуди соли 257 ҳиҷрии қамарӣ (870 милодӣ) дар Фороби Хуросон (Қазоқистони кунунӣ) ба дунё омадааст. Дар ҷавонӣ барои таҳсил ба Бағдод рафт ва назди Матто ибни Юнус ба фаро гирифтани мантиқ ва фалсафа пардохт. Сипас ба Ҳаррони Сурия сафар кард ва ба шогирдии Юҳанно ибни Ҳилон даромад. Аз оғози кор, ҳуши саршор ва илмомӯзии вай сабаб шуд, ки ҳамаи мавзӯъҳоеро, ки тадрис мешуд, ба хубӣ фаро бигирад. Ба зудӣ номи ӯ ба унвони файласуф ва донишманд шӯҳрат ёфт. Ва чун ба Бағдод бозгашт, гурӯҳе аз шогирдон гирди ӯ ҷамъ омаданд, ки Яҳё ибни Адий, файласуфи масеҳӣ яке аз онон буд. Дар соли 330 ҳиҷрии қамарӣ (941 милодӣ) ба Димишқ рафт ва ба Сайфуддавлаи Ҳамадонӣ, ҳокими Ҳалаб пайваст ва дар зумраи уламои дарбори ӯ даромад.

Форобӣ аз рӯи маълумоти Ибни Халлиқон дар соли 950 - 951 дар Димишқ дар синни 80-солагӣ  дунёро падруд ва дар қабристони «Бобу-с-сағир» дар даврони салтанати Сайфуддавла бо шукӯҳу қадрдонӣ ба хок супорида шудааст.

Аз мақолаҳои нав

Оё медонед?

Аз мақолаҳои нави Википедия:

21 март-24 март - дар Тоҷикистон ҷашни Иди байналмилалии Наврӯз баргузор мегардад.

Эзоҳ

Рӯйдодҳои кунунӣ

Мавзуъоти муҳим
Дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бузургтарин фабрикаи парандапарварӣ
Шумораи умумии ҳолатҳои ошкоршудаи COVID-19 дар ҷаҳон 11 580 119 нафар ва теъдоди фавтидагон 537 179 кас мебошад
Дар Тоҷикистон дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб барои табобати сироятёфтагон сафарбар шудаанд
Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид қатънома дар бораи оташбаси "пурра ва фаврӣ" дар саросари ҷаҳон қабул кард

июли соли 2020

  • 6 июли соли 2020 /АМИТ «Ховар»/ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бузургтарин фабрикаи парандапарварӣ ба истифода дода мешавад. Ин комплекси муҳташами парандапарварӣ дар деҳаи Хоҷа Шақиқи Балхии Ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи мазкур бунёд гардида, мувофиқи лоиҳа, дар ин ҷо 24 бинои мурғхона — ҳар кадом бо дарозии 96 метр бунёд мегардад. [1]
  • 6 июли соли 2020 /АМИТ «Ховар»/ Шабонарӯзи гузашта (5 июл) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 49 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи онҳо дар муддати аз 30 апрел то 6 июл ба 6262 нафар расид.Ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар мамлакат 4914 нафар ё худ 78,4%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 53 нафар фавтидаанд.[2] (то 15 июн дар ҶТ 5097 нафар кас гирифтори COVID-19 буд)
  • Имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб барои табобати сироятёфтагон сафарбар шудаанд. [3]
  • 6 июли соли 2020 /АМИТ «Ховар»/ дар муддати 4 ҳафтаи гузашта (аз 15 июн то 6 июл) дар ҷаҳон ба сирояти COVID-19 зиёда аз 3 500 000 кас гирифтор шудаанд. Тибқи маълумоти нави СУТ, давоми шабонарӯзи гузашта 175 499 ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ошкор шуда, 3 572 нафар сироятшудагон фавтидаанд. Шумораи умумии ҳолатҳои ошкоршудаи COVID-19 дар ҷаҳон 11 580 119 нафар ва теъдоди фавтидагон 537 179 кас мебошад. Ҳамзамон то имрӯз дар ҷаҳон 6 547 935 нафар гирифторони ин беморӣ шифо ёфтаанд.[4]
Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст (омори 6 июли с 2020):
  1. ИМА (2 983 155 нафар),
  2. Бразилия (1 604 585),
  3. Ҳиндустон (699 402),
  4. Россия (687 862),
  5. Перу (302 718),
  6. Испания (297 625),
  7. Чили (295 532),
  8. Британияи Кабир (285 416),
  9. Мексика (256 848)
  10. Италия (241 611) дохил мешаванд.[5]
  • 2 июли соли 2020 Дар шаҳри Хуҷанд дар кӯчаи Шарқ гузаргоҳи зеризаминии мавзеи бозори марказии «Панҷшанбе» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд....Иншооти мазкур ба маблағи 20 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шуд.... Масоҳати умумии қитъаи замини ҷудогардида 5054,4 м2, дарозии иншоот 260, бараш 18 метр буда, аз 10 даромад иборат аст. Ин дарозтарин гузаргоҳи зеризаминӣ дар Тоҷикистон ва дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.[6]
  • 2 июли соли 2020 Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид қатънома дар бораи оташбаси "пурра ва фаврӣ" дар саросари ҷаҳон барои мубориза бо пандемияи коронавирус, ки беш аз ним миллион нафар ҷони худро аз даст додааст, қабул кард, хабар медиҳад вебсайти UN News. Ин даъват ба амалиёти низомӣ алайҳи "Давлати Исломӣ"(ДАИШ), "Алқоида", "Ҷабҳаи ал-Нусра" ва дигар ташкилотҳои террористӣ дахл надорад.[7]

Эзоҳ

Ҳамкориҳои ҳафта