Саҳифаи аслӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Мақолаи баргузида

Ибни Сино

Муҷассамаи Ибни сино дар назди қароргоҳи СММ

Абӯалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Сино ё Ависенна, машҳур ба Абӯалӣ Сино (форсӣ: ابوعلى سينا‎; (16 августи соли 980, деҳаи Афшана наздики Бухоро18 июни соли 1037, Ҳамадон) — яке аз бузургтарин донишмандон ва пизишкони замони худ аст. Ҳамчунин ахтаршинос (астроном), кимиёшинос (химик), геолог, мантиқ, палеонтолог, риёзишинос (математик), табииётшинос (физик), шоир, равоншинос (психолог), файласуф, муаллим ва адиби бузурги форсу-тоҷик.

Вай беш аз 450 рисолаи илмӣ навиштааст, ки то замони мо танҳо 240-то аз он маҳфуз мондаанд. Ин рисолаҳо тамоми соҳаҳои илмро фароҳам гирифта, хусусан, 150-тояшон дар илми фалсафа ва беш аз 40-тои дигар дар илми пизишкӣ ҳастанд. Маъруфтарин асарҳои ӯ китобҳои "Ал-Шифо" ва "Қонун" ҳастанд, ки аз бузуртарин донишномаҳои илмӣ ва фалсафии ҷаҳон буда ва дар донишгоҳҳои Аврупо то асри 19 истифода бурда шудаанд.

Абӯалӣ Сино дар рушди илми тибсаҳми бениҳоят арзандае гузоштааст, ки аз таҷрибаҳои худ, илми пизишкии олими грек Гален, метафизикаи Арасту (Сино яке аз шарҳдиҳандагони асосии Арасту буд), илми пизишкии Форс, Байнаннаҳрайн ва Ҳинди қадима сарчашма гирифта, онҳоро ҳамҷоя андӯхтааст. Сино ҳамчу падари тибби замонавӣ ва фармакологияи клиникӣ ба ҳисоб меравад.

Вай боз асосгузори мантиқи Синоӣ, мактаби фалсафии Синоӣ аст. Ӯ ҳамчу падари мафҳуми фундаменталии физикии моменти ҷисм низ маъруф аст. Вайро ҳамчунин "падари геология" низ мешиносанд, ки дар қонуни суперпозицияи геологӣ саҳми арзанда гузоштааст.

Мақолаи хуб

Абунасри Форобӣ

Тасвири Абунасри Форобӣ дар маркаи Эрон

Абунаср Муҳаммад ибни Муҳаммади Форобӣ (форсӣ: ابونصر محمد بن محمد فارابی‎), маъруф ба — Ал-Форобӣ (ар. الفارابي‎, дар шакли лотинишуда — Alpharabius; 870 ё 872, Фороб, Қазоқистони кунунӣ — мобайни 14 декабри 950 и 12 январи 951, Димишқ, Сурияи кунунӣ) — файласуф, риёзидон, мусиқишинос ва донишманди машриқзамин. Яке аз бузургтарин намояндагони фалсафаи шарқи асримиёнагӣ.

Абӯнаср Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Тархон ибни Узлағи Форобӣ дар ҳудуди соли 257 ҳиҷрии қамарӣ (870 милодӣ) дар Фороби Хуросон (Қазоқистони кунунӣ) ба дунё омадааст. Дар ҷавонӣ барои таҳсил ба Бағдод рафт ва назди Матто ибни Юнус ба фаро гирифтани мантиқ ва фалсафа пардохт. Сипас ба Ҳаррони Сурия сафар кард ва ба шогирдии Юҳанно ибни Ҳилон даромад. Аз оғози кор, ҳуши саршор ва илмомӯзии вай сабаб шуд, ки ҳамаи мавзӯъҳоеро, ки тадрис мешуд, ба хубӣ фаро бигирад. Ба зудӣ номи ӯ ба унвони файласуф ва донишманд шӯҳрат ёфт. Ва чун ба Бағдод бозгашт, гурӯҳе аз шогирдон гирди ӯ ҷамъ омаданд, ки Яҳё ибни Адий, файласуфи масеҳӣ яке аз онон буд. Дар соли 330 ҳиҷрии қамарӣ (941 милодӣ) ба Димишқ рафт ва ба Сайфуддавлаи Ҳамадонӣ, ҳокими Ҳалаб пайваст ва дар зумраи уламои дарбори ӯ даромад.

Форобӣ аз рӯи маълумоти Ибни Халлиқон дар соли 950 - 951 дар Димишқ дар синни 80-солагӣ  дунёро падруд ва дар қабристони «Бобу-с-сағир» дар даврони салтанати Сайфуддавла бо шукӯҳу қадрдонӣ ба хок супорида шудааст.

Аз мақолаҳои нав

Оё медонед?

Аз мақолаҳои нави Википедия:

  • Соли 2019 дар соҳаи саноат — 219 корхонаи нави саноатӣ бо таъсиси 2942 ҷойи корӣ, аз ҷумла, дар вилояти Суғд — 59 бо 969 ҷойҳои кории нав, вилояти Хатлон — 57 корхона бо 678 ҷойҳои кории нав, ВМКБ — 3 корхона бо 87 ҷойҳои кории нав, шаҳри Душанбе — 60 корхона бо 812 ҷойҳои кории нав ва НТҶ — 40 корхона бо 386 ҷойҳои кории нав сохта ба истифода дода шуд.

Аз шумораи умумии корхонаҳои нав: 38 — корхона ба соҳаи мошинсозӣ, 53 — корхона ба саноати сабук, 50 — корхона ба соҳаи масолеҳи сохтмон, 62 — корхона ба саноати хӯрокворӣ, 2 —корхона ба саноати маъдан, 1 — корхона ба саноати ангишт, 5 — корхона ба соҳаи табъу нашр ва 8 — корхона ба дигар соҳаҳо рост меояд.[1].

  • Ба истифода додани НБО «Сангтӯда — 1» ва «Сангтӯда — 2», Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе — 2», хатҳои интиқоли барқи баландшиддати «Ҷануб-Шимол», «Лолазор-Хатлон», «Хуҷанд-Айнӣ», «Сангтӯда — Лолазор», «Сангтӯда – НБО-и Сарбанд», «Қайроққум-Ашт», «Айнӣ –Панҷакент», «НБО-и Роғун» -Зеристгоҳи «Душанбе-500», таҷдид ва иваз намудани зеристгоҳҳо ба зеристгоҳҳои пурқудрат, таҷдид ва барқарорсозии неругоҳҳо ва шабакаҳои барқӣ сабаби таҳкими иқтидору эътимоднокии таъминоти энергияи барқ дар ҷумҳурӣ гардид.
  • Баъди зиёда аз 9 соли ҷудо будани низоми энергетикии Тоҷикистон аз Осиёи Марказӣ додугирифти неруи барқ байни ин ду ҷумҳурии ҳамсоя — Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамкории энергетикҳои тоҷику ӯзбек боз барқарор гардид.[2]
  • Дар давраи Истиқлолият иқтидори истеҳсолии соҳаи энергетика, бе назардошти НБО «Роғун», ба миқдори 1520 МВт зиёд шуд. [3]
  • Аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» Тоҷикистон дар қатори шаш кишвари пешсафи сайёра қарор дорад. Ин захираҳо имкони истеҳсоли солона то 527 миллиард киловатт-соат неруи барқ-и аз лиҳози экологӣ тозаро медиҳанд ва имрӯз танҳо 5 фоизи онҳо истифода мешавад.[4]
  • Соли 2019 бори нахуст дар таърихи Тоҷикистон дар маҷмӯъ ҳаҷми рекордӣ — 19,8 млрд кВт/соат нерӯи барқ (пеш аз ин 18,6 млрд кВт/соат — соли 1988) истеҳсол шудааст.
  • Масоҳати умумии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) то соли 2014 тахминан 30 млн. 189 ҳазор км. мураббаъ ва ҷамъи аҳолии онҳо зиёда аз 1,5 млрд. нафар ё ¼ аҳолии умумии курраи заминро ташкил медиҳанд. Баъди ҳамроҳ гардидани Ҳиндустон ва Покистон (соли 2017) ба узвияти СҲШ, масоҳати умумии он зиёда аз 34 млн км², яъне 60 % қаламрави АвруОсиёро дар бар гирифтааст ва ҷамъи аҳолии он зиёда аз 3 млрд 40 млн танро ташкил медиҳад (2015), яъне зиёда аз ними аҳолии сайора мебошад. Созмони ҳамкории Шанхай - Созмони байниҳукуматии байналхалқии доимамалкунанда ба ҳисоб меравад. Тибқи ҳуҷҷати асосии оинномавии Созмон – Хартияи СҲШ ки 7 июни соли 2002 қабул шудааст, фаъолият мебарад.
  • Соли 2019 бори нахуст Бонки миллии Тоҷикистон 1 тонна захираҳои тиллои хешро ба ивази 42 млн. доллари амрикоӣ фурухтааст. Соли 2018 Тоҷикистон дар маҷмӯъ 6,4 тонна тилло истеҳсол намудааст хабар медиҳад ASIA-Plus Media Group.

Эзоҳ

Рӯйдодҳои кунунӣ

Мавзуъоти муҳим
Ба кор даровардани корхонаҳои нави истеҳсолӣ
Донишномаи тоҷикзабон дар ҷойи 63-ум, бо зиёда аз 100 000 ҳазор мақола дар байни Донишномаҳои забонӣ (299 забонҳо) қарор дорад.
Истеҳсоли автобусҳои мусофиркаши тамғаи «Акия» дар ш. Душанбе.
Корхонаи ҶСП «Агротехсервис»-и шаҳри Ҳисор ба ҷамъу васли тракторҳо ва мошинолоти истеҳсоли Беларус машғул мебошад.
  • 20.12.2019 Шумораи мақолаҳои сабтгардидаи Википедияи Тоҷикӣ марраи 100 000 номгӯйро гузаштааст. Дар байни Донишномаҳои забонӣ (299 забонҳо) Донишномаи озоди тоҷикзабон дар ҷойи 63-ум қарор гирифтааст. Wikimedia_News Нигаред ба Инҷо
  • ҶДММ «Талко Кемикал» аз моҳи апрели соли 2019 тибқи нақшаи қаблан такмил додашуда ба истеҳсоли маҳсулотҳои кимиёвӣ ба монанди алюминии фтордор, криолит ва коагулянт шуруъ намуд.
  • Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд аз тарафи ҶСП «Норд Азия металл» корхонаи истеҳсоли қубурҳои профилии металли даврашакл ва чоркунҷашакл бо иқтидори 60 ҳаз. тонна маҳсулот дар як сол бо истифода аз хати технологии муосир оғоз гардид.
  • Дар шаҳри Ҳисор дар моҳи сентябри соли 2017 корхонаи нави истеҳсоли қубурҳои профилии металлии даврашакл ва чоркуҷашакл бо номи ҶДММ «Истеҳсоли труба ва профили тоҷик» ба фаъолият шуруъ намуд.
  • Дар шаҳри Душанбе 14 феврали соли 2018 корхонаи ҷамъу васли автобуси мусофиркаши тамғаи «Акия» ба кор шуруъ намуд ва марҳилаи дуюми он 19 марти соли 2019 мавриди истифода қарор дода шуд. Истеҳсоли автобусҳои мусофиркаши тамғаи «Акия» аз тарафи КМ тоҷикию-туркӣ «Акия Авесто Автоматив Индастри» дар заминаи КВД «Насби нақлиёти барқӣ (тролейбус)»-и шаҳри Душанбе ба роҳ монда шуда, иқтидори истеҳсолии корхонаи мазкур солона аз 250 то 300 автобус мебошад.

Айни замон нархи як аадад автобуси тамғаи АКИА-и истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон 132 ҳазор евро мебошад.

  • 31 марти соли 2019 дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистони вилояти Суғд Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Маҳмуд ва Компания» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар корхона асосан арматура, ки дар сохтмони бинову иншооти гуногун, махсусан биноҳои бисёрошёна истеҳсол мегардад. Иқтидори истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Маҳмуд ва Компания» то 50 ҳазор тонна маҳсулот дар як сол мебошад. Тақрибан 30 фоизи ашёи хом аз дохил ва боқимондаи он тибқи шартнома, аз Ҷумҳурии Қазоқистон оварда мешавад.
  • Марҳилаи аввали корхонаи ҶСП «Агротехсервис»-и шаҳри Ҳисор моҳи майи соли 2018 ва марҳилаи дуюм яъне ба пуррагӣ моҳи сентябри соли 2018 расман бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко мавриди истифода қарор дода шуд, ки бо ворид намудани қисмҳои эҳтиётӣ ба ҷамъу васли тракторҳо ва мошинолоти истеҳсоли Беларус машғул мебошад. Дар 11 моҳи соли 2019 103 трактори тамғаҳои «Беларус 82.1» ва «Беларус 80Х», 38 адад тойбанд 36 адад ядак (прицеп) ҷамъу васл карда шудаанд. Иқтидори истеҳсолии солонаи корхона 1700 адад трактор ва мошинолотҳои кишоварзӣ мебошад.

Дар соҳа айни замон дар самти коркарди металлҳои сиёҳ ва ранга ва истеҳсоли маводҳои таркандаи саноатӣ дастовардҳои бештар ба назар мерасанд. Хусусан фаъолияти корхонаи истеҳсоли қубурҳо ва профилҳои металлӣ -ҶСП «Норд Азия металл»-и ноҳияи Спитамен, ҶДММ «Труба ва профилҳои тоҷик»-и шаҳри Ҳисор, корхонаи истеҳсоли профилҳои алюминӣ -ҶДММ «Тоҷпроф»-и МОИ «Суғд», ҶДММ “Оҳангудозии Тоҷикистон”-и ноҳияи Рудакӣ ва корхонаҳои нави истеҳсоли маводҳои таркандаи саноатӣ- ҶДММ КМ «Муосир» ва ҶДММ «Колорит технолоҷӣ» назаррас буда, ҳиссаи маҳсулоти корхонаҳои номбурда дар ҳаҷми маҳсулоти соҳа тадриҷан зиёд гардида истодааст.[1].

Ҳамкориҳои ҳафта

  1. «Истеҳсолоти саноатӣ пешбарандаи иқтисоди миллӣ, таъминкунандаи шуғли аҳолӣ, сарчашмаи даромади буҷети давлатӣ ва дар маҷмӯъ, омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мебошад». sanoat.tj. 21 январи 2020 санҷида шуд.