Саҳифаи аслӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Мақолаи баргузида

Ибни Сино

Муҷассамаи Ибни сино дар назди қароргоҳи СММ

Абӯалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Сино ё Ависенна, машҳур ба Абӯалӣ Сино (форсӣ: ابوعلى سينا‎; (16 августи соли 980, деҳаи Афшана наздики Бухоро18 июни соли 1037, Ҳамадон) — яке аз бузургтарин донишмандон ва пизишкони замони худ аст. Ҳамчунин ахтаршинос (астроном), кимиёшинос (химик), геолог, мантиқ, палеонтолог, риёзишинос (математик), табииётшинос (физик), шоир, равоншинос (психолог), файласуф, муаллим ва адиби бузурги форсу-тоҷик.

Вай беш аз 450 рисолаи илмӣ навиштааст, ки то замони мо танҳо 240-то аз он маҳфуз мондаанд. Ин рисолаҳо тамоми соҳаҳои илмро фароҳам гирифта, хусусан, 150-тояшон дар илми фалсафа ва беш аз 40-тои дигар дар илми пизишкӣ ҳастанд. Маъруфтарин асарҳои ӯ китобҳои "Ал-Шифо" ва "Қонун" ҳастанд, ки аз бузуртарин донишномаҳои илмӣ ва фалсафии ҷаҳон буда ва дар донишгоҳҳои Аврупо то асри 19 истифода бурда шудаанд.

Абӯалӣ Сино дар рушди илми тибсаҳми бениҳоят арзандае гузоштааст, ки аз таҷрибаҳои худ, илми пизишкии олими грек Гален, метафизикаи Арасту (Сино яке аз шарҳдиҳандагони асосии Арасту буд), илми пизишкии Форс, Байнаннаҳрайн ва Ҳинди қадима сарчашма гирифта, онҳоро ҳамҷоя андӯхтааст. Сино ҳамчу падари тибби замонавӣ ва фармакологияи клиникӣ ба ҳисоб меравад.

Вай боз асосгузори мантиқи Синоӣ, мактаби фалсафии Синоӣ аст. Ӯ ҳамчу падари мафҳуми фундаменталии физикии моменти ҷисм низ маъруф аст. Вайро ҳамчунин "падари геология" низ мешиносанд, ки дар қонуни суперпозицияи геологӣ саҳми арзанда гузоштааст.

Мақолаи хуб

Абунасри Форобӣ

Тасвири Абунасри Форобӣ дар маркаи Эрон

Абунаср Муҳаммад ибни Муҳаммади Форобӣ (форсӣ: ابونصر محمد بن محمد فارابی‎), маъруф ба — Ал-Форобӣ (ар. الفارابي‎, дар шакли лотинишуда — Alpharabius; 870 ё 872, Фороб, Қазоқистони кунунӣ — мобайни 14 декабри 950 и 12 январи 951, Димишқ, Сурияи кунунӣ) — файласуф, риёзидон, мусиқишинос ва донишманди машриқзамин. Яке аз бузургтарин намояндагони фалсафаи шарқи асримиёнагӣ.

Абӯнаср Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Тархон ибни Узлағи Форобӣ дар ҳудуди соли 257 ҳиҷрии қамарӣ (870 милодӣ) дар Фороби Хуросон (Қазоқистони кунунӣ) ба дунё омадааст. Дар ҷавонӣ барои таҳсил ба Бағдод рафт ва назди Матто ибни Юнус ба фаро гирифтани мантиқ ва фалсафа пардохт. Сипас ба Ҳаррони Сурия сафар кард ва ба шогирдии Юҳанно ибни Ҳилон даромад. Аз оғози кор, ҳуши саршор ва илмомӯзии вай сабаб шуд, ки ҳамаи мавзӯъҳоеро, ки тадрис мешуд, ба хубӣ фаро бигирад. Ба зудӣ номи ӯ ба унвони файласуф ва донишманд шӯҳрат ёфт. Ва чун ба Бағдод бозгашт, гурӯҳе аз шогирдон гирди ӯ ҷамъ омаданд, ки Яҳё ибни Адий, файласуфи масеҳӣ яке аз онон буд. Дар соли 330 ҳиҷрии қамарӣ (941 милодӣ) ба Димишқ рафт ва ба Сайфуддавлаи Ҳамадонӣ, ҳокими Ҳалаб пайваст ва дар зумраи уламои дарбори ӯ даромад.

Форобӣ аз рӯи маълумоти Ибни Халлиқон дар соли 950 - 951 дар Димишқ дар синни 80-солагӣ  дунёро падруд ва дар қабристони «Бобу-с-сағир» дар даврони салтанати Сайфуддавла бо шукӯҳу қадрдонӣ ба хок супорида шудааст.

Аз мақолаҳои нав

Оё медонед?

Аз мақолаҳои нави Википедия:

21 март-24 март - дар Тоҷикистон ҷашни Иди байналмилалии Наврӯз баргузор мегардад.

Эзоҳ

Рӯйдодҳои кунунӣ

Мавзуъоти муҳим
Мақомоти Тоҷикистон бахше аз маҳдудиятҳои вобаста ба коронавируси навро дар шаҳри Душанбе бекор карданд
шумораи умумии ҳолатҳои ошкоршудаи COVID-19 дар ҷаҳон 7 989 586 буда, теъдоди фавтидагон 435 491 мебошад
15 июн. Дар Тоҷикистон 5097 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардидааст
Чин даҳлези нави нақлиётии худро ба Узбекистон боз мекунад
Аврупо марзҳоро боз мекунад


июни соли 2020

  • 15 июни соли 2020 Мақомоти Тоҷикистон бахше аз маҳдудиятҳои вобаста ба коронавируси навро дар шаҳри Душанбе бекор карданд ва ба фаъолияти дубораи даҳҳо кошонаи ҳусну сартарошхона, нуқтаҳои фурӯши телефон ва бозорҳои либос иҷозаи фаъолият доданд. Кори ин бозору марказҳои хидматрасонӣ ​аз охири моҳи апрел ба далели паҳншавии бемории COVID-19 мутаваққиф шуда буд. Ба иттилои шаҳрдории Душанбе рӯзи 15 июн ҳудуди 10 200 тоҷир дубора ба кори худ шуруъ карданд.[1]
  • 15 июни соли 2020 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи охирин маълумоти СУТ, дар ҷаҳон давоми шабонарӯзи гузашта 123 783 ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ошкор шуда, 3 258 бемор фавтидаанд. Ҳамин тариқ, шумораи умумии ҳолатҳои ошкоршудаи COVID-19 дар ҷаҳон 7 989 586 буда, теъдоди фавтидагон 435 491 мебошад.[2]
  • 15 июни соли 2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар муддати аз 30 апрел то соати 18:00 дақиқаи 15 июн дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 5097 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави CОVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 3503 (68,7%) нафар шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 50 нафар фавтидаанд.[3]
  • 15 июни соли 2020 Бисёр кишварҳои аврупоӣ шурӯъ аз 15-16-уми июн марзҳои худро ба рӯи кишварҳои ҳамсоя боз мекунанд ва ин як қадами бузург дар паи се моҳи маҳдудиятҳо мебошад. Олмон, Белгия, Фаронса, Юнон ва Ҷумҳурии Чех дар миёни кишварҳое мебошанд, ки аз имрӯз ва Австрия аз 16 июн марзҳоро боз мекунанд. Бозкушоии ҳамоҳангшудаи марзҳо дар ҳоле ҷараён дорад, ки ҳафтаи гузашта Комиссиюни Аврупо машварат дод, ки кишварҳои узв марзҳояшонро боз кунанд. Бозкушоии марзҳо бештар марбут ба шаҳрвандони Иттиҳоди Аврупо, Бритониё (Пас аз 31 январи соли 2020, Бритониё аз иттиҳод хориҷ шуд) ва аксар кишварҳои ҳавзаи Шенген мебошад.[4]
  • 14 июни соли 2020 Чин даҳлези нави нақлиётии худро ба Узбекистон боз мекунад. Дар мавриди роҳандозии нахустин блок-поезд дар даҳлези чандҳолата (мультимодальный)-и Чин-Қирғизистон-Узбекистон аввали июн дафтари матбуоти Вазорати сармоягузорӣ ва тиҷорати берунии Узбекистон хабар дод. Гуфта мешавад, ки блок-поезд бо 25 контейнер ба Тошканд тавассути истгоҳи роҳи оҳани “Лонжу”-и музофоти Гонсу (Чин) тариқи Қошғар ба Шинҷон ва порти Иркештами Қирғизистон, аз он ҷо ба шаҳри Ӯш ва минбаъд ба самти Узбекистон меравад.[5]

Эзоҳ

Ҳамкориҳои ҳафта