Мақолаи баргузида
Муҷассамаи Умари Хайём ҳамроҳ бо 3 донишманди бузурги тоҷику форс — Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳон Берунӣ ва Закариёи Розӣ дар саҳни бинои СММ дар Вена
Умар Хайёми Нишопурӣ (порсӣ: عُمَر خَیّام نیشابوری; 18 майи соли 1048(10480518), Нишопур — 4 декабри соли 1131, ҳамон ҷо) — ҳаким, файласуф, риёзидон, мунаҷҷим ва шоири форсу тоҷик.
Ғиёсуддин Абулфатҳ Умар ибни Иброҳими Хайёми Нишопурӣ зодаи 28 урдибиҳишти соли 427 ҳиҷрии шамсӣ (баробар бо 18 майи соли 1048 милодӣ) дар шаҳри Нишопури Эрон аст. Умари Хайём фиқҳро дар миёнсолӣ дар маҳзари Имом Муваффақи Нишопурӣ омӯхт. Ва низ улуми ҳадис, тафсир, фалсафа, ҳикмат ва нуҷум (ситорашиносӣ)-ро дар ҳамон авон фаро гирифт. Ва ба ин далел ба ӯ Хайём мегуфтанд, ки падараш ба шуғли хаймадӯзӣ машғул будааст.
Хайём аз бузургтарин донишмандони асри худ ба ҳисоб меомад ва дорои ҳуше фавқулода буда ва ҳофизае нерӯманд доштааст. Вай дар замони давлати Салҷуқиён зиндагӣ мекард, ки қаламрави ҳукумати онон аз Хуросон гирифта то Озарбойҷон ва кишварҳои Рум, Ироқ ва Яманро шомил мешуд.
Хайём дар ҳудуди соли 449 таҳти ҳимоят ва сарпарастии Абутоҳир, қозиюлқузоти Самарқанд, китобе дар риёзиёт таҳти номи «Рисолатун фил-бароҳин ало масоилил-ҷабри вал-муқобала» (дар бораи муъодилоти дараҷаи сеюм) нигошт ва аз он ҷо, ки бо Хоҷа Низомулмулк робитаи некӯ дошт, ин китобро пас аз нигориш ба Хоҷа тақдим кард. Пас аз ин даврон, Хайём ба даъвати Султон Ҷалолуддин Маликшоҳи Салҷуқӣ ва вазираш Низомулмулк ба Исфаҳон меравад, то сарпарастии расадхонаи Исфаҳонро ба ӯҳда бигирад. Ӯ 18 сол дар он ҷо муқим мешавад.
Дар ҳамин авон, муҳимтарин ва таъсиргузортарин асари риёзии худро бо номи «Рисолатун фи шарҳи мо ушкила мин мусодароти Иқлидус»-ро менависад ва дар он хутути мувозӣ ва назарияи нисбатҳоро шарҳ медиҳад. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки Хайём ҳангоме ки Султон Санҷар, писари Маликшоҳ дар кӯдакӣ ба обила гирифтор буда, вайро дармон кардааст.
Саранҷом ин донишманди бузург дар соли 510 хуршедӣ дар шаҳри Нишопур дори фониро видоъ мегӯяд. Мақбараи ӯ ҳамакнун дар шаҳри Нишопур дар боғе қарор гирифтааст.
( бештар...)
Мақолаи хуб
Афғонистон (дарӣ: أفغانستان), номи пурраи расмӣ Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (пушту: د افغانستان اسلامي جمهوریت, дари: جمهوری اسلامی افغانستان) — давлатест, ки дар қисми ҷанубу ғарбии Осиёи Марказӣ ҷой гирифтааст.
Дар самти шимол бо Туркманистон (744 км), Ӯзбекистон (137 км) ва Тоҷикистон (1344 км), дар ғарб бо Эрон (945 км), дар ҷануб ва шаҳри бо Покистон (430 км) ва Ҳиндустон (120 км), дар шимолу шарқ бо Хитой (76 км) ҳамсарҳад мебошад.
Дарозии умумии ҳудуди сарҳад 5529 км аст (ин сарҳад тақрибан сад сол пеш бо мудохилаи Россияи подшоҳӣ ва Британияи Кабир муайян гардидааст). Аз шимол ба ҷануб 1350 км ва аз шарқ ба ғарб 900 км тӯл кашидааст. Масоҳаташ 655 ҳазор км², аҳолиаш 28,4 млн нафар (мутобиқи маълумоти дигарон – 31 млн нафар); пойтахти Афғонистон шаҳри – Кобул (аҳолӣ 1,5 млн нафар). Афғонистон 34 вилоят, 354 вулусволӣ ва 31440 деҳа дорад. Забонҳои давлатӣ – паштун ва дарӣ.
Афғонистон кишвари куҳсор аст ва аз чаҳор се ҳиссаи сарзамини онро силсилакуҳҳо ташкил медиҳанд, ки аз шаҳри ба тарафи ғарб тӯл кашида дар ҳавзаи Ҳарирӯд ба ҳамворӣ мепайванданд. Баландии ин силсилакуҳҳо дар шаҳри (дар баландиҳои Помир) то ба 6–7 ҳазор метр аз сатҳи баҳр мерасад.
(Бештар…)
Феҳристҳо ва порталҳои баргузида
|
|
Оё медонед?
Аз мақолаҳои нави Википедия:
- Роҳинҷа (банголӣ: রোহিঙ্গা Rohingga /ɹohiŋɡa/) — номгузории халқиятест дар кишвари Мянма.
Роҳинҷа (халқият), гурӯҳи этникиест, ки аксаран дар иёлати Ракхайн (Аракан)и давлати Мянма маскун аст ва ба ҳалқиятҳои оилаи ҳиндуаврупоӣ таалуқ дорад.[1] Халқияти Роҳинҷа худро аз сокинони муқимнишини иёлати Ракхайн (Аракан)и давлати Мянма мешуморад, вале аксари муаррихон тахмин доранд, ки асосан ин халқият ба Мянма дар даврони мусталикадории Британияи Кабир аз Бангола (Бангладеш) муҳоҷир шудааст, ва қисман баъди соҳибистиқлол шудани Бирма (соли 1971), ҳоло Мянма омадааст.[2].
- Дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», бар асоси тағйироти қабулшуда (аз 23.08.2017) ин маҳдудиятҳои нав ҷорӣ карда мешаванд:
КОМИЛАН МАНЪ КАРДА МЕШАВАНД:
- Маъракаи ақиқа
- Маъракаи "Ҳоҷизиёрат”
- Маъракаҳои ноншиканон, модарталбон, падарталбон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтоз (роҳбандон)
- Даъвати санъаткорон ба тӯйи хатна
- Даъвати санъаткорон ва забҳи чорво дар маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл ва дигар маъракаҳои ба таваллуди кӯдак вобаста.
- Забҳи чорво ва додани таом дар тамоми маросими дафну азодорӣ, аз ҷумла дар маросими «се», «чил» ва «сол» ва маросими алакай мамнӯи «оши сари тахта», «душанбегӣ», «ҷумъагӣ», «ҳафт», «бист» ва «шашмоҳагӣ».(ҚОНУНИ НАВИ ТАНЗИМ ҚАБУЛ ШУД /akhbor.com/23.08.2017) (ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМҲО ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»| бештар...)
Рӯйдодҳои ҷорӣ
Мавзӯи муҳим: Ҷоми миллатҳои Африқо
Эмомалӣ Раҳмон, дар саммити BRICS 2015
- 25 сентябр, Дар Бозиҳои V Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Ашқобод намояндагони Тоҷикистон 3 медали тилло ба даст оварданд. 2 медали тиллоро дар намуди самбо Акмалиддин Каримов дар вазни -57 кг ва Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни -74 кг ба даст оварданд. Медали сеюми тиллоро Миҷгона Самадова дар намуди кикбоксинг сазовор шуд. Дастаи Тоҷикистон бо касби 45 медал миёни 65 дастаи иштирокчӣ зинаи 16-умро ишғол мекунад.(news.tj/26.09.2017)
- 21 сентябр, дар рӯзи шашуми Бозиҳои 5-уми Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ, варзишгарони тоҷик 5 медал – 3 нуқра ва 2 биринҷӣ ба даст оварданд....Варзишгарони мо баъд аз ҷамъбасти рӯзи шашум соҳиби 23 медал — 4 нуқра ва 19 биринҷӣ шуданд. Тоҷикистон миёни 65 дастаи иштирокчӣ мавқеашро дар ҷои 25 нигоҳ дошт.(tajikistantimes.tj/22.09.2017)
- Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молия ва Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикӣ бо роҳбарии Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев аз санаи 28 август то 8 сентябри соли 2017 дар ҳамкорӣ бо бонкҳои сармоягузории «Райффайзенбанк» ва «Ситибанк» дар вохӯриҳо (роудшоу) бо сармоягузорони азими давлатҳои ИМА, Англия ва Швейcария ширкат варзида, муариффии (презентатсияи) барориш ва фурӯши коғазҳои қиматноки давлатиро ба маблағи 500 млн. доллари ИМА барои идомаи сохтмони НБО “Роғун” бо муваффақият таъмин намуданд.(nbt.tj /15.09.2017)
- Парлумони Тоҷикистон рӯзи 23 август тағйиру иловаҳо ба Қонуни танзими расму ойинҳоро қабул кард. Бар асоси ин тағйирот, забҳи чорво ва додани таом дар маъракаҳои азодорӣ комилан манъ шуда, тӯйи хатна аз ин ба баъд бидуни даъвати санъаткорон бояд доир шавад. Бо тӯйи дигар муштарак кардани хатнасӯр ҳам акнун манъ мешавад.(/akhbor.com /23.08.2017)
- Дар Кобул таҷлили 98-умин солгарди истиқлоли Афғонистон баргузор гардид: (видео дар [youtu.be/19.08.2017])
- Ҷумҳурии Тоҷикистон ба панҷгонаи кишварҳое шомил шудааст, ки осонтарин низоми гирифтани раводид доранд.(/tvt.tj /17.08.2017)
- Вазишгари Тоҷикистон Дилшод Назаров дар чемпионати ҷаҳон оид ба вазиши сабук (2017, Лондон) мақоми 7-умро касб кард.(/tvt.tj /12.08.2017)
- Дар Эрон маросими савгандёдкунии Президенти Эрон Ҳасан Руҳонӣ баргузор гардид.(/www.golos-ameriki.ru /4.08.2017)
- Дар натиҷаи бақайдгирии SIM-кортҳо дар Тоҷикистон зиёда аз 2 млн SIM-кортҳо баста шудаанд.(avesta.tj/2.08.2017)
- Дар Покистон бо ҷойи собиқ сарвазири ба истеъфорафта (Навоз Шариф), сарвазири нав Шаҳид Ҳаққан Аббосӣ интихоб гардид.(/www.bbc.com/russian /1.08.2017)
- Сарвазири Покистон Навоз Шариф ба истеъфо баромад.(/www.golos-ameriki.ru/28.07.2017)
- Пайкараи тилокории президенти пешини Туркманистон Сафармурод Ниёзовро, ки дар маркази шаҳри Ишқобод, пойтахти ин кишвар қомат афрохта буд, канданд.(/tajikistantimes.tj/24.07.2017)
- Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба синни 60 расид.(/tajikistantimes.tj/24.07.2017)
- Бахшида ба 20-солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент» нашр гардид.(/jahonnamo.tj/23.07.2017)
- Ба ифтихори Соли ҷавонон ва ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе барномаҳои консертӣ баргузор мегарданд.(/tajikistantimes.tj/15.07.2017)
- Мавсил (русӣ-Мосул) расман аз тасарруфи ДИИШ (ИГИЛ) озод карда шуд.(/tajikistantimes.tj/11.07.2017)
- Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии кишвар бахшида ба 10 — солагии амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. (khovar.tj 11.07.2017)
- Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни Ваҳдати миллӣ дар варзишгоҳи навбунёди шаҳри Ваҳдат. (khovar.tj 27.06.2017)
- Ҳасанӣ Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури кунунии Эрон бо касби 57 дарсади оро дар интихоботи рӯзи 19 май ба даври дуюми раёсат даст ёфт.(20.05.2017 akhbor.com 19.05.2017)
- Дар Фаронса Эммануэл Макрон дар даври дуюми интихоботи президент 66,1% овоз гирифта, Президенти Фаронса гардид.(mir24.tv 8.05.2017 )
Ҳамкориҳои ҳафта
Интихоб нашудааст. Инро бояд ШУМО кунед!
|