Саҳифаи Аслӣ
|
Мақолаи баргузидаУмар Хайёми Нишопурӣ (порсӣ: عُمَر خَیّام نیشابوری; 18 майи соли 1048, Нишопур — 4 декабри соли 1131, ҳамон ҷо) — ҳаким, файласуф, риёзидон, мунаҷҷим ва шоири форсу тоҷик. Ғиёсуддин Абулфатҳ Умар ибни Иброҳими Хайёми Нишопурӣ зодаи 28 урдибиҳишти соли 427 ҳиҷрии шамсӣ (баробар бо 18 майи соли 1048 милодӣ) дар шаҳри Нишопури Эрон аст. Умари Хайём фиқҳро дар миёнсолӣ дар маҳзари Имом Муваффақи Нишопурӣ омӯхт. Ва низ улуми ҳадис, тафсир, фалсафа, ҳикмат ва нуҷум (ситорашиносӣ)-ро дар ҳамон авон фаро гирифт. Ва ба ин далел ба ӯ Хайём мегуфтанд, ки падараш ба шуғли хаймадӯзӣ машғул будааст. Хайём аз бузургтарин донишмандони асри худ ба ҳисоб меомад ва дорои ҳуше фавқулода буда ва ҳофизае нерӯманд доштааст. Вай дар замони давлати Салҷуқиён зиндагӣ мекард, ки қаламрави ҳукумати онон аз Хуросон гирифта то Озарбойҷон ва кишварҳои Рум, Ироқ ва Яманро шомил мешуд. Хайём дар ҳудуди соли 449 таҳти ҳимоят ва сарпарастии Абутоҳир, қозиюлқузоти Самарқанд, китобе дар риёзиёт таҳти номи «Рисолатун фил-бароҳин ало масоилил-ҷабри вал-муқобала» (дар бораи муъодилоти дараҷаи сеюм) нигошт ва аз он ҷо, ки бо Хоҷа Низомулмулк робитаи некӯ дошт, ин китобро пас аз нигориш ба Хоҷа тақдим кард. Пас аз ин даврон, Хайём ба даъвати Султон Ҷалолуддин Маликшоҳи Салҷуқӣ ва вазираш Низомулмулк ба Исфаҳон меравад, то сарпарастии расадхонаи Исфаҳонро ба ӯҳда бигирад. Ӯ 18 сол дар он ҷо муқим мешавад. Дар ҳамин авон, муҳимтарин ва таъсиргузортарин асари риёзии худро бо номи «Рисолатун фи шарҳи мо ушкила мин мусодароти Иқлидус»-ро менависад ва дар он хутути мувозӣ ва назарияи нисбатҳоро шарҳ медиҳад. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки Хайём ҳангоме ки Султон Санҷар, писари Маликшоҳ дар кӯдакӣ ба обила гирифтор буда, вайро дармон кардааст. Саранҷом ин донишманди бузург дар соли 510 хуршедӣ дар шаҳри Нишопур дори фониро видоъ мегӯяд. Мақбараи ӯ ҳамакнун дар шаҳри Нишопур дар боғе қарор гирифтааст. (бештар...)Мақолаи хубЭнсиклопедия (аз юн.-қад. ἐγκύκλιος παιδεία — «омӯзиши фарогир» аз κύκλος — доира + παιδεία — омӯзиш, пайдейя) — донишнома (аз порсӣ: دانشنامه), нашрияи илмӣ ё илмию оммавӣ, ки аз тамоми соҳаҳои илм ё соҳаи ҷудогонаи он дониш медиҳад. Эсиклопедияи алифбоӣ, мураттаб ва вобаста ба адади ҷилдҳо калон (даҳҳе ҷилд), хурд (10–12 ҷилд), мухтасар (4–6 ҷилд) ва 1–3-ҷилда (луғати энсиклопедӣ) мешавад. Ҳар эсиклопедия плану мақолаҳои муайян ва луғатнома дорад. Мақолаҳои эсиклопедияи тахлисӣ, маълумотдиҳанда, тафсирӣ ва ҳавола мешаванд. Дар эсиклопедия харита, нақша, тарҳ, тасвир, нусхаи лавҳаю сурат, нақши тангаю муҳру байрақ ва ғайра низ мавҷуд аст. Энсиклопедияҳои бисёрҷилда аксар феҳристи ёридиҳанда дорад. Дар миёнаҳо асри 20 анъанаи тартиб додани эсиклопедияи универсалӣ ба миён омад. Эсиклопедияро барои оммаи васеи хонандагон пешбинӣ мекунанд. Чун китобҳои энсиклопедиявӣ тамоми соҳаҳо ва ҷузвитарин ҷанбаҳои зиндагиро дар бар мегиранд, мавриди ниёзи ҳамешагии мардум буда, ба ҳар муносибату зарурат аз онҳо истифода бурда мешавад. Ҳамчунин барои огоҳии комил доштан аз таърихи воқеии гузаштаи миллат, хабардор будан аз сарнавишти пуршебу фарози халқи хеш, ошноии бештар пайдо кардан бо мероси бойи фарҳангӣ ва расму ойини пешгузаштагон, воқиф гардидан аз кору пайкор ва зиндагиномаи фарзонафарзандҳои миллати худ энсиклопедияҳои бисёрҷилда навишта мешаванд. (Бештар…)Феҳристҳо ва порталҳои баргузида
|
Оё медонед?Аз мақолаҳои нави Википедия:
Дар Моҳи Рамазон ҳамаи мусулмонон аз дамидани субҳ то фурӯ рафтани офтоб рӯза мегиранд. Дар Рамазон 5-чиз ҳаром мебошад,1. Дурӯғ гуфтан 2. Қасами дурӯғ хӯрдан 3. Ғайбат кардан 4. Таъна задан 5. Бахилӣ кардан. Рамазон дар луғат ба маънои сӯзонанда омадааст, ки гуноҳи яксолаи бандагонро месӯзонад.
Рӯйдодҳои ҷорӣМавзӯоти муҳим: Ҷоми миллатҳои Африқо • Чемпионати ҷаҳонии гандбол миёни мардон
Дар ин рӯз — 1 ИюнШаблон:Рӯйдодҳои рӯз:06-1 |
|||||||||||||||||||||||||
Лоиҳаҳои марбутВикипедиа — лоиҳае аз бунёди ғайри давлатии Викимедиа, ки дорои теъдоди лоиҳаҳои бо якчанд забон ва озод аст:
Забонҳои ВикипедиаВикипедиа тоҷикӣ аз соли 200667,976 мақоларо дар бар мегирад. Бисёре аз Википедиаҳои дигар низ дастрас мебошанд, ки баъзе аз бузургтарин фаслҳои забонии он дар поён оварда шудаанд. оғоз шуда, айни ҳол
|