Бáнг (лотинӣ : Cannabis indica ) — гиёҳест яксола. Аввалин бор дар Аврупо оид ба банг олими фаронсавӣ Ж. Ламарк (соли 1783) маълумот додааст[2] .
Пояаш рости сершох, баландиаш то 1–3 м. Баргаш паҳн, сабзи кабудтоб, баъзан рахҳои сурхча дорад. Хӯшагулаш (чалғӯза) калон, тухмгирд. Дар Афғонистон, Ҳиндустон, Туркия, Сурия, Покистон ва Африқои Шимолӣ асосан барои истеҳсоли маводди мухаддир (нашъа, банг, чарс, марихуана) ва равған истифода мешавад. Оид ба хосиятҳои нашъаоварии банг ҳанӯз олими Юнони Қадим Ҳеродот маълумот дода буд. Таъсири банг психотропӣ ва таваҳҳумовар аст. Дар натиҷаи истифодаи маводде, ки аз банг истеҳсол шудааст, фаъолияти силсилаи марказии асаб хароб гашта, узвҳои ҳаётан муҳим аз кор мебароянд. банг ва маводди он мансуби моддаҳои мухаддир буда, зери назорати сахти мақомоти вижаи байналмилалӣ қарор доранд. Кишти банг дар бисёр мамолики дунё, аз ҷумла Тоҷикистон, қатъан мамнӯъ аст.
Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Миллии Тоҷик навишта шудааст.