Саҳифаи Аслӣ
|
Мақолаи баргузидаСадриддин Айнӣ (Садриддин Сайидмуродзода Айнӣ, порсӣ: صدرالدین عینی) — бунёдгузори адабиёти шуравии тоҷик, нависанда, олим, академик ва нахустин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон (1951- 1954), Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон, академики фахрии Академияи илмҳои ҶШС Ӯзбекистон. Қаҳрамони Тоҷикистон(1997). Сардафтари адабиёти навини тоҷик ва Қаҳрамони миллии Тоҷикистон Садриддин Сайидмуродзода Айнӣ 27 (15) апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи тумани Ғиждувони Аморати Бухоро (дар ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухорои Ўзбекистон) ба дунё омадааст. Фарзандаш ховаршиноси барҷастаи Тоҷикистон Айнӣ Камол. Падараш Саидмуродхоҷа кишоварз буд, аммо чун худ соҳиби хату савод буд, кӯшиш мекард, ки фарзандонаш низ донишомӯхтаву донишманд бошанд. Аз ин рӯ, писараш Садриддин Айниро дар шашсолагӣ (6) ба мадрасаи рустояшон дод. Устод Айнӣ донишомӯзияшро дар он мадраса дар достони «Мактаби кӯҳна» тасвир карда ва дар «Ёддоштҳо» мегӯяд: «Чунон ки падарам дид, дар он мактаб ман саводи амиқ гирифта натавонистам ва маро ба мактаби духтарона дод». Дар мактаби духтарона Садриддин чанд ҷузъ аз Бедил ва чанд ҷузъ аз ғазалиёти Соибро хонда дар даҳсолагӣ мактабро хатм мекунад. Аммо бачагии Садриддин Айнӣ дар оғӯши падару модар дер давом накард. Вабое, ки соли 1889 Бухоро ва атрофи онро фаро гирифт, дар чиҳил рӯз ӯро ҳам аз падар ва ҳам аз модар ҷудо кард. Орзую ҳаваси илму шеър Айниро дар 12-солагӣ ба Бухоро овард. Ба мадрасаҳои Бухоро дохил шудан ва дониш гирифтан барои Айнӣ барин фақирзодагони илмҷӯ хеле мушкил буд. Вале ӯ ба шарофати ҳавасмандӣ ва толиби илм буданаш тамоми душвориҳои рӯзгор ва омӯзишро паси сар карда, 16 сол дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил намудааст. Айнӣ дар мадрасаҳои мири Араб, Олимҷон, Бадалбек, Ҳоҷӣ Зоҳид ва Кӯкалдош таҳсил карда, соли 1908 онро хатм мекунад. Муддати 27 соли зиндагӣ дар Бухоро Айнӣ боз аз ду мактаби дигар гузаштааст: яке мактаби меҳнат ва дигаре мактаби ҳаёт. Барои ёфтани қути лоямуташ ӯ аз ҳеҷ кору заҳмат даст накашидааст: гоҳ фарроши мадраса, гоҳ ошпаз, гоҳ ҷомашуй, гоҳ мардикор буд. (бештар...)Мақолаи хубАфғонистон (дарӣ: أفغانستان), номи пурраи расмӣ Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (пушту: د افغانستان اسلامي جمهوریت, дари: جمهوری اسلامی افغانستان) — давлатест, ки дар қисми ҷанубу ғарбии Осиёи Марказӣ ҷой гирифтааст. Дар самти шимол бо Туркманистон (744 км), Ӯзбекистон (137 км) ва Тоҷикистон (1344 км), дар ғарб бо Эрон (945 км), дар ҷануб ва шаҳри бо Покистон (430 км) ва Ҳиндустон (120 км), дар шимолу шарқ бо Хитой (76 км) ҳамсарҳад мебошад. Дарозии умумии ҳудуди сарҳад 5529 км аст (ин сарҳад тақрибан сад сол пеш бо мудохилаи Россияи подшоҳӣ ва Британияи Кабир муайян гардидааст). Аз шимол ба ҷануб 1350 км ва аз шарқ ба ғарб 900 км тӯл кашидааст. Масоҳаташ 655 ҳазор км², аҳолиаш 28,4 млн нафар (мутобиқи маълумоти дигарон – 31 млн нафар); пойтахти Афғонистон шаҳри – Кобул (аҳолӣ 1,5 млн нафар). Афғонистон 34 вилоят, 354 вулусволӣ ва 31440 деҳа дорад. Забонҳои давлатӣ – паштун ва дарӣ. Афғонистон кишвари куҳсор аст ва аз чаҳор се ҳиссаи сарзамини онро силсилакуҳҳо ташкил медиҳанд, ки аз шаҳри ба тарафи ғарб тӯл кашида дар ҳавзаи Ҳарирӯд ба ҳамворӣ мепайванданд. Баландии ин силсилакуҳҳо дар шаҳри (дар баландиҳои Помир) то ба 6–7 ҳазор метр аз сатҳи баҳр мерасад. (Бештар…)Феҳристҳо ва порталҳои баргузида
|
Оё медонед?Аз мақолаҳои нави Википедия:
Рӯйдодҳои ҷорӣМавзӯоти муҳим: Ҷоми миллатҳои Африқо • Чемпионати ҷаҳонии гандбол миёни мардон
Дар ин рӯз — 5 МартШаблон:Рӯйдодҳои рӯз:03-5 |
|||||||||||||||||||||||||
Лоиҳаҳои марбутВикипедиа — лоиҳае аз бунёди ғайри давлатии Викимедиа, ки дорои теъдоди лоиҳаҳои бо якчанд забон ва озод аст:
Забонҳои ВикипедиаВикипедиа тоҷикӣ аз соли 200667,741 мақоларо дар бар мегирад. Бисёре аз Википедиаҳои дигар низ дастрас мебошанд, ки баъзе аз бузургтарин фаслҳои забонии он дар поён оварда шудаанд. оғоз шуда, айни ҳол
|