Саҳифаи Аслӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

донишномаи озод, ки ҳама метавонанд онро вироиш кунанд.

Айни ҳол дар донишнома 67,976 мақолаҳо ба забони тоҷикӣ навишта шудааст.

Тоҷикистон
Санъат
Таърих
Адабиёт

Илм
Ҷуғрофия
Зиндагинома
Ислом

Варзиш
Техника
Математика
Ҳама порталҳо

Эҷоди мақола (тавассути ёрирасон) Роҳнамо Феҳристи Википедиаҳо Википедиа дар расонаҳо

Мақолаи баргузида

Муҷассамаи Умари Хайём ҳамроҳ бо 3 донишманди бузурги тоҷику форс — Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳон Берунӣ ва Закариёи Розӣ дар саҳни бинои СММ дар Вена

Умар Хайёми Нишопурӣ (порсӣ: عُمَر خَیّام نیشابوری; 18 майи соли 1048, Нишопур4 декабри соли 1131, ҳамон ҷо) — ҳаким, файласуф, риёзидон, мунаҷҷим ва шоири форсу тоҷик.

Ғиёсуддин Абулфатҳ Умар ибни Иброҳими Хайёми Нишопурӣ зодаи 28 урдибиҳишти соли 427 ҳиҷрии шамсӣ (баробар бо 18 майи соли 1048 милодӣ) дар шаҳри Нишопури Эрон аст. Умари Хайём фиқҳро дар миёнсолӣ дар маҳзари Имом Муваффақи Нишопурӣ омӯхт. Ва низ улуми ҳадис, тафсир, фалсафа, ҳикмат ва нуҷум (ситорашиносӣ)-ро дар ҳамон авон фаро гирифт. Ва ба ин далел ба ӯ Хайём мегуфтанд, ки падараш ба шуғли хаймадӯзӣ машғул будааст.

Хайём аз бузургтарин донишмандони асри худ ба ҳисоб меомад ва дорои ҳуше фавқулода буда ва ҳофизае нерӯманд доштааст. Вай дар замони давлати Салҷуқиён зиндагӣ мекард, ки қаламрави ҳукумати онон аз Хуросон гирифта то Озарбойҷон ва кишварҳои Рум, Ироқ ва Яманро шомил мешуд.

Хайём дар ҳудуди соли 449 таҳти ҳимоят ва сарпарастии Абутоҳир, қозиюлқузоти Самарқанд, китобе дар риёзиёт таҳти номи «Рисолатун фил-бароҳин ало масоилил-ҷабри вал-муқобала» (дар бораи муъодилоти дараҷаи сеюм) нигошт ва аз он ҷо, ки бо Хоҷа Низомулмулк робитаи некӯ дошт, ин китобро пас аз нигориш ба Хоҷа тақдим кард. Пас аз ин даврон, Хайём ба даъвати Султон Ҷалолуддин Маликшоҳи Салҷуқӣ ва вазираш Низомулмулк ба Исфаҳон меравад, то сарпарастии расадхонаи Исфаҳонро ба ӯҳда бигирад. Ӯ 18 сол дар он ҷо муқим мешавад.

Дар ҳамин авон, муҳимтарин ва таъсиргузортарин асари риёзии худро бо номи «Рисолатун фи шарҳи мо ушкила мин мусодароти Иқлидус»-ро менависад ва дар он хутути мувозӣ ва назарияи нисбатҳоро шарҳ медиҳад. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки Хайём ҳангоме ки Султон Санҷар, писари Маликшоҳ дар кӯдакӣ ба обила гирифтор буда, вайро дармон кардааст.

Саранҷом ин донишманди бузург дар соли 510 хуршедӣ дар шаҳри Нишопур дори фониро видоъ мегӯяд. Мақбараи ӯ ҳамакнун дар шаҳри Нишопур дар боғе қарор гирифтааст.

(бештар...)

Мақолаи хуб

8 ҷилди ЭСТ ва 3 ҷилди нашршудаи ЭМТ

Энсиклопедия (аз юн.-қад. ἐγκύκλιος παιδεία — «омӯзиши фарогир» аз κύκλος — доира + παιδεία — омӯзиш, пайдейя) — донишнома (аз порсӣ: دانشنامه), нашрияи илмӣ ё илмию оммавӣ, ки аз тамоми соҳаҳои илм ё соҳаи ҷудогонаи он дониш медиҳад.

Эсиклопедияи алифбоӣ, мураттаб ва вобаста ба адади ҷилдҳо калон (даҳҳе ҷилд), хурд (10–12 ҷилд), мухтасар (4–6 ҷилд) ва 1–3-ҷилда (луғати энсиклопедӣ) мешавад. Ҳар эсиклопедия плану мақолаҳои муайян ва луғатнома дорад. Мақолаҳои эсиклопедияи тахлисӣ, маълумотдиҳанда, тафсирӣ ва ҳавола мешаванд. Дар эсиклопедия харита, нақша, тарҳ, тасвир, нусхаи лавҳаю сурат, нақши тангаю муҳру байрақ ва ғайра низ мавҷуд аст. Энсиклопедияҳои бисёрҷилда аксар феҳристи ёридиҳанда дорад. Дар миёнаҳо асри 20 анъанаи тартиб додани эсиклопедияи универсалӣ ба миён омад. Эсиклопедияро барои оммаи васеи хонандагон пешбинӣ мекунанд.

Чун китобҳои энсиклопедиявӣ тамоми соҳаҳо ва ҷузвитарин ҷанбаҳои зиндагиро дар бар мегиранд, мавриди ниёзи ҳамешагии мардум буда, ба ҳар муносибату зарурат аз онҳо истифода бурда мешавад. Ҳамчунин барои огоҳии комил доштан аз таърихи воқеии гузаштаи миллат, хабардор будан аз сарнавишти пуршебу фарози халқи хеш, ошноии бештар пайдо кардан бо мероси бойи фарҳангӣ ва расму ойини пешгузаштагон, воқиф гардидан аз кору пайкор ва зиндагиномаи фарзонафарзандҳои миллати худ энсиклопедияҳои бисёрҷилда навишта мешаванд.

(Бештар…)

Феҳристҳо ва порталҳои баргузида

Феҳристи баргузидаи охирин:
Портали Забоншиносӣ
Портал:Забоншиносӣ
Феҳристи баргузидаи қаблӣ:
Ruddy-turnstone-icon.png
Номгӯйи паррандагони Китоби сурхи Тоҷикистон

Нигораи рӯз

Боғи себ дар айни шукуфоӣ. Деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод

Боғи себ дар айни шукуфоӣ. Деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод

Оё медонед?

Аз мақолаҳои нави Википедия:

Ордени дараҷаи 3 - медали «Барои мудофиаи Инқилоб»

Дар Моҳи Рамазон ҳамаи мусулмонон аз дамидани субҳ то фурӯ рафтани офтоб рӯза мегиранд. Дар Рамазон 5-чиз ҳаром мебошад,1. Дурӯғ гуфтан 2. Қасами дурӯғ хӯрдан 3. Ғайбат кардан 4. Таъна задан 5. Бахилӣ кардан. Рамазон дар луғат ба маънои сӯзонанда омадааст, ки гуноҳи яксолаи бандагонро месӯзонад.

  • Имом Бухорӣ дар синни 62-солагӣ бе боқӣ гузоштани насле аз худ аз дунё гузашта ва дар беруни шаҳри Самарқанд дар Хартанг ба хок супорида шудааст.
  • Аз рӯи омори "Департаменти СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ:Шуъбаи аҳолӣ" доир ба саводнокӣ, дар Тоҷикистон тахминан 5 781 203 наф дар синни 15 сола ва боло, ба забонҳои гуногун хонда ва навишта метавонанд. Ин шумора, 99.77% аз ҳаҷми умумии аҳолии калонсолро дар бар мегирад. Яъне, тахминан 13 147 нафар сокинон ҳоло ҳам бесавод мебошанд.Википедиа /tg.wikipedia.org/ Тоҷикистон
  • Аввалин медали ҶХШ Бухоро «Барои мудофиаи Инқилоб» (дар расм) 3 июли соли 1922 таъсис ёфтааст.
  • Дар Тоҷикистон 6 намуди гурбашаклҳо аз ҷинси паланг ва гурба дучор меоянд.

Рӯйдодҳои ҷорӣ

Мавзӯоти муҳим: Ҷоми миллатҳои Африқо • Чемпионати ҷаҳонии гандбол миёни мардон


Мақбараи Имом ал-Бухорои дар ш. Самарқанд
  • 26 май, "Паёми Пешвои миллат ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон" дар расонаи АМИТ "Ховар" интишор гардид.(khovar.tj) Боз нигаред: Э. РАҲМОН: САДАҚАИ ФИТРРО БА ЯТИМОНУ НОДОРОН БИДИҲЕД (akhbor.com)
  • 20 май, Шоири халқии Тоқикистон Мӯмин Қаноат 85 сола шуданд (avesta.tj)
  • Ҳасанӣ Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури кунунии Эрон бо касби 57 дарсади оро дар интихоботи рӯзи 19 май ба даври дуюми раёсат даст ёфт.(20.05.2017 akhbor.com)
  • Дар ш. Алмаато 16 май бо иштироки роҳбарони хадамоти энержии Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон,Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон масъалаи муттаҳид гардонидани Системам ягонаи энержии Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид. Дар назар аст, ки лоиҳаи қарор оид ба барқарор намудани Системам ягонаи энержии Осиёи Марказӣ ба наздики ба имзо хоҳад расид.(17.05.2017 Викиахбор.org (русӣ)
  • Дар Фаронса Эммануэл Макрон дар даври дуюми интихоботи президент 66,1% овоз гирифта, Президенти Фаронса гардид.(8.05.2017 mir24.tv)
  • Дар Тоҷикистон фурӯши мошинҳои сабукрави истеҳсоли Ӯзбекистон дар назар аст. Аз рӯи натиҷаҳои ҳамоиши тиҷоратӣ дар Душанбе миёни соҳибкорони тоҷику ӯзбек ҳудуди 20 қарордод ба имзо расид.(20.04.2017 news.tj)
  • Дар Туркия натиҷаҳои пешакии раъйпурсӣ интишор карда шуд. Аз рӯйи маълумоти пешакӣ ворид кардани ислоҳот дар конститутсияро 51,3 дарсад ҷонибдорӣ карданд. (17.04.2017 jahonnamo.tj)
  • Барои ҳифзи Наврӯз дар замони Шӯравӣ шояд касе мисли Бӯринисо Бердиева ин қадар ҷонбозӣ накардааст. Онҳое, ки дар Шӯравӣ дар саргаҳи ҷунбишҳои бедории миллии мардуми тоҷик истода, дам аз Наврӯз мезаданд, ба боди фаромӯшӣ рафтаанд. Бӯринисо Бердиева буд, ки тайи 23 соли раҳбарӣ бар рӯзномаи "Маориф ва маданият" саркашона аз Наврӯз ва арзишҳои дигари миллии мардуми тоҷик пуштибонӣ мекард. Шоири маъруфи мо Бозори Собир ҳатто шеъри ба Бердиева бахшидаашро "Қаҳрамони Наврӯз" унвон кардааст.(22.03.2017 akhbor.com)
  • Дар моҳи марти соли равон олимонии забардасти Тоҷикистон, докторони илм, профессорон, Роҳат Набиева (4 март), Атахон Сайфуллоев (17 март) (17.03.2017 akhbor.com), Низом Нурҷонов (18 март) (19.03.2017 akhbor.com) дунёро падруд намуданд.
  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони зиёиёни кишвар, ки ҳамчун рамзи неки наврӯзӣ ҳар сол дар арафаи ин ҷашни мубораки миллиамон доир мегардад, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ, кулли тоҷикону форсизабонони дунё ва мардуми кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯзро ба ифтихори фарорасии ин ойини хусравонӣ, яъне Наврӯз, ки чанд сол инҷониб ҳамчун ҷашни байналмилалӣ таҷлил мегардад, самимона табрик намуд. (20.03.2017 khovar.tj)
  • Дар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҷоизаи солонаи ба номи Лоҳутиро ба 9 нафар тақдим кард.(10.03.2017 akhbor.com)
  • Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Иҷлосияи 13-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ, ки 1 март дар шаҳри Исломобод баргузор гардид, изҳор доштанд: «Таҳкурсии асосии бахши энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз неругоҳҳои барқи обӣ иборат мебошад, ки истеҳсоли 98 фоизи неруи барқро дар кишвар аз манбаи барқароршавандаи тавлиди энергия таъмин менамояд. Аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» Тоҷикистон дар қатори шаш кишвари пешсафи сайёра қарор дорад ва захираҳои умумии гидроэнергетикии он дар ҷаҳон яке аз бузургтаринҳо ба шумор мераванд.(2 .03.2017 khovar.tj)

Ҳамкориҳои ҳафта

Лоиҳаҳои марбут

Википедиа — лоиҳае аз бунёди ғайри давлатии Викимедиа, ки дорои теъдоди лоиҳаҳои бо якчанд забон ва озод аст:

Забонҳои Википедиа

Сафоратхона / Embassy Бунёди Викимедиа Тамос Дигар фаслҳои забонӣ