Саҳифаи Аслӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

донишномаи озод, ки ҳама метавонанд онро вироиш кунанд.

Айни ҳол дар донишнома 67,741 мақолаҳо ба забони тоҷикӣ навишта шудааст.

Тоҷикистон
Санъат
Таърих
Адабиёт

Илм
Ҷуғрофия
Зиндагинома
Ислом

Варзиш
Техника
Математика
Ҳама порталҳо

Эҷоди мақола (тавассути ёрирасон) Роҳнамо Феҳристи Википедиаҳо Википедиа дар расонаҳо

Мақолаи баргузида

Акси С. Айнӣ ва Б. Ғафуров

Садриддин Айнӣ (Садриддин Сайидмуродзода Айнӣ, порсӣ: صدرالدین عینی) — бунёдгузори адабиёти шуравии тоҷик, нависанда, олим, академик ва нахустин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон (1951- 1954), Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон, академики фахрии Академияи илмҳои ҶШС Ӯзбекистон. Қаҳрамони Тоҷикистон(1997). Сардафтари адабиёти навини тоҷик ва Қаҳрамони миллии Тоҷикистон Садриддин Сайидмуродзода Айнӣ 27 (15) апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи тумани Ғиждувони Аморати Бухоро (дар ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухорои Ўзбекистон) ба дунё омадааст. Фарзандаш ховаршиноси барҷастаи Тоҷикистон Айнӣ Камол. Падараш Саидмуродхоҷа кишоварз буд, аммо чун худ соҳиби хату савод буд, кӯшиш мекард, ки фарзандонаш низ донишомӯхтаву донишманд бошанд. Аз ин рӯ, писараш Садриддин Айниро дар шашсолагӣ (6) ба мадрасаи рустояшон дод. Устод Айнӣ донишомӯзияшро дар он мадраса дар достони «Мактаби кӯҳна» тасвир карда ва дар «Ёддоштҳо» мегӯяд: «Чунон ки падарам дид, дар он мактаб ман саводи амиқ гирифта натавонистам ва маро ба мактаби духтарона дод». Дар мактаби духтарона Садриддин чанд ҷузъ аз Бедил ва чанд ҷузъ аз ғазалиёти Соибро хонда дар даҳсолагӣ мактабро хатм мекунад. Аммо бачагии Садриддин Айнӣ дар оғӯши падару модар дер давом накард. Вабое, ки соли 1889 Бухоро ва атрофи онро фаро гирифт, дар чиҳил рӯз ӯро ҳам аз падар ва ҳам аз модар ҷудо кард. Орзую ҳаваси илму шеър Айниро дар 12-солагӣ ба Бухоро овард. Ба мадрасаҳои Бухоро дохил шудан ва дониш гирифтан барои Айнӣ барин фақирзодагони илмҷӯ хеле мушкил буд. Вале ӯ ба шарофати ҳавасмандӣ ва толиби илм буданаш тамоми душвориҳои рӯзгор ва омӯзишро паси сар карда, 16 сол дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил намудааст. Айнӣ дар мадрасаҳои мири Араб, Олимҷон, Бадалбек, Ҳоҷӣ Зоҳид ва Кӯкалдош таҳсил карда, соли 1908 онро хатм мекунад. Муддати 27 соли зиндагӣ дар Бухоро Айнӣ боз аз ду мактаби дигар гузаштааст: яке мактаби меҳнат ва дигаре мактаби ҳаёт. Барои ёфтани қути лоямуташ ӯ аз ҳеҷ кору заҳмат даст накашидааст: гоҳ фарроши мадраса, гоҳ ошпаз, гоҳ ҷомашуй, гоҳ мардикор буд.

(бештар...)

Мақолаи хуб

Коллажи Афғонистон

Афғонистон (дарӣ: أفغانستان), номи пурраи расмӣ Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (пушту: د افغانستان اسلامي جمهوریت‎, дари: جمهوری اسلامی افغانستان) — давлатест, ки дар қисми ҷанубу ғарбии Осиёи Марказӣ ҷой гирифтааст.

Дар самти шимол бо Туркманистон (744 км), Ӯзбекистон (137 км) ва Тоҷикистон (1344 км), дар ғарб бо Эрон (945 км), дар ҷануб ва шаҳри бо Покистон (430 км) ва Ҳиндустон (120 км), дар шимолу шарқ бо Хитой (76 км) ҳамсарҳад мебошад.

Дарозии умумии ҳудуди сарҳад 5529 км аст (ин сарҳад тақрибан сад сол пеш бо мудохилаи Россияи подшоҳӣ ва Британияи Кабир муайян гардидааст). Аз шимол ба ҷануб 1350 км ва аз шарқ ба ғарб 900 км тӯл кашидааст. Масоҳаташ 655 ҳазор км², аҳолиаш 28,4 млн нафар (мутобиқи маълу­моти дигарон – 31 млн нафар); пойтахти Афғонистон шаҳри – Кобул (аҳолӣ 1,5 млн нафар). Афғонистон 34 вилоят, 354 вулусволӣ ва 31440 деҳа дорад. Забонҳои давлатӣ – паштун ва дарӣ.

Афғонистон кишвари куҳсор аст ва аз чаҳор се ҳиссаи сарзамини онро силсилакуҳҳо ташкил медиҳанд, ки аз шаҳри ба тарафи ғарб тӯл кашида дар ҳавзаи Ҳарирӯд ба ҳамворӣ мепайванданд. Баландии ин силсилакуҳҳо дар шаҳри (дар баландиҳои Помир) то ба 6–7 ҳазор метр аз сатҳи баҳр мерасад.

(Бештар…)

Феҳристҳо ва порталҳои баргузида

Феҳристи баргузидаи охирин:
Портали Забоншиносӣ
Портал:Забоншиносӣ
Феҳристи баргузидаи қаблӣ:
Ruddy-turnstone-icon.png
Номгӯйи паррандагони Китоби сурхи Тоҷикистон

Нигораи рӯз

Боғи себ дар айни шукуфоӣ. Деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод

Боғи себ дар айни шукуфоӣ. Деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод

Оё медонед?

Аз мақолаҳои нави Википедия:

Ордени дараҷаи 3 - медали «Барои мудофиаи Инқилоб»

Рӯйдодҳои ҷорӣ

Мавзӯоти муҳим: Ҷоми миллатҳои Африқо • Чемпионати ҷаҳонии гандбол миёни мардон


Гузашти низомӣ ба ифтихори 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Иҷлосияи 13-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ, ки 1 март дар шаҳри Исломобод баргузор гардид, изҳор доштанд: «Таҳкурсии асосии бахши энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз неругоҳҳои барқи обӣ иборат мебошад, ки истеҳсоли 98 фоизи неруи барқро дар кишвар аз манбаи барқароршавандаи тавлиди энергия таъмин менамояд. Аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» Тоҷикистон дар қатори шаш кишвари пешсафи сайёра қарор дорад ва захираҳои умумии гидроэнергетикии он дар ҷаҳон яке аз бузургтаринҳо ба шумор мераванд.(2 .03.2017 http://khovar.tj/2017/03/az-r-i-foizi-iste-soli-energiyai-sabz-to-ikiston-dar-atori-shash-kishvari-peshsafi-sajyora-aror-dorad/)
  • 27 феврал баъди музокироти байнидавлатӣ Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин оид ба натиҷаҳои сафари расмӣ қабул карда шуд. Сипас дар ҳузури сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин 6 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид (28.02.2017 http://khovar.tj/2017/02/marosimi-imzoi-sanad-oi-navi-amkor-miyoni-um-urii-to-ikiston-va-federatsiyai-rossiya/),Ташрифи Владимир Путин ба Тоҷикистон ва Қазоқистон.1tv.ru
  • Дар вақти сафар ба Тоҷикистон Владимир Путин - президенти Русия ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ордени ба номи Александр Невскиро тақдим мекунад, гуфт ёрдамчии президенти ФР Юрий Ушаков. Сафари Президенти ФР Владимир Путин ба Тоҷикистон охири моҳи феврал дар назар аст.(22.02.2017 http://sputnik-tj.com/Tajikistan/20170222/1021748948.html)
  • Сомонаи амрикоии CNN Travel чойхонаи "Роҳат"-ро беҳтарин чойхонаи ҷаҳон номидааст.Чойхонаи “Роҳат” мувофиқи маълумоти сомонаи амрикоӣ аз соли 1956 инҷониб беҳтарин чойхона ба ҳисоб меравад. Мутаассифона имрӯзҳо “Роҳат” зери хатари вайроншавӣ мондааст.(17.02.2017 http://sputnik-tj.com/Tajikistan/20170217/1021713411.html)
  • Ҳаракат дар роҳи Душанбе – Хуҷанд, ягона роҳи заминӣ, ки марказро бо шимоли кишвар пайванд медиҳад, муваққатан баста шудааст. Масъулони ширкати Innovative Road Solutions (IRS), масъули нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар ин роҳ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин тасмим баъд аз зуҳри 14 феврал ва дар пайи бориши шадиди барфу фаромадани тармаи зиёд гирифта шудааст.(14.02.2017 http://www.ozodi.org/a/28308833.html)
  • Ҳавопаймоҳои ширкати "Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ" ба эҳтимоли ғолиб дар оғози моҳи апрел ба парвоз дар самти Тошканд-Душанбе шурӯъ мекунанд.(14.02.2017 http://www.ozodi.org/a/28309228.html)
  • Президенти Тоҷикистон дар як номаи табрикӣ раҳбари Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро бо пирӯзиаш дар интихоботи раёсатҷумҳурии 12 феврал шодбош гуфт. Бердимуҳаммадови 59-сола бо бурдани 97,69 дар сади раъйи мардум пирӯз шуд ва ҳамакнун дар давоми 7 соли оянда раҳбарии ин ҷумҳурии ғанӣ аз гази Осиёи Марказиро идома хоҳад дод.(13.02.2017 http://www.ozodi.org/a/28307218.html)

Ҳамкориҳои ҳафта

Лоиҳаҳои марбут

Википедиа — лоиҳае аз бунёди ғайри давлатии Викимедиа, ки дорои теъдоди лоиҳаҳои бо якчанд забон ва озод аст:

Забонҳои Википедиа

Сафоратхона / Embassy Бунёди Викимедиа Тамос Дигар фаслҳои забонӣ