Портал:Рӯйдодҳои кунунӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Сархати хабарҳо (ДиданБаҳсВироишПешниҳоди иловаи рӯйдод)
Гузашти низомӣ ба ифтихори 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба дӯстонатон расонед, ки ҳоло чиҳо дар маркази диққати ҷаҳониён ҳастанд:
Вконтакте • LiveJournal • Twitter • Facebook
Рӯйдодҳои охирин (ДиданБаҳсТаърихВироиш)
Ҳама хоҳишмандон метавонанд илова кунанд! Ахборро мутолиа кунед ва рӯйдодҳои муҳимро бо зикри манбаъ илова намоед.

Ҳамчунин нигаред: Лавҳаи ахбор


16 ноябр[вироиш]

Ба хотири арҷгузорӣ ва эҳтиром ба мансаби олии давлатӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи садоқат ба Ватан, Президент ва миллат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ ва воқеияти ҳаёти ҳуқуқии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид"-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Дар лоиҳаи пешниҳодшуда масъалаи ба рӯзҳои ид илова намудани таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16 ноябр пешбинӣ шуд. Ҳамин тариқ лоиҳаи мазкур 14 марти соли 2016 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро 15 апрели соли 2016 ҷонибдорӣ намуд.
Соли равон мардуми шарафманди тоҷик нахустин маротиба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҷашни фархунда, чун рамзи садоқат ба Президент – садоқат ба Ватан таҷлил менамоянд. Нигаред муфассал:([бештар...])[1]

14 ноябр[вироиш]

29 октябр[вироиш]

  • 29 октябри соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон худ савори булдозери вазнин аз соати 10-и субҳ то 11:30 расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста ба бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳусни оғоз бахшид[5].

13 сентябр[вироиш]

  • Дар ноҳияи Спитамани вилояти Суғд бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи ҶСП «Норд Азия Металл» баргузор гардид.
    ҶСП «Норд Азия Металл» самараи ҳамкориҳои манфиатбори доираи соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад. Сохтмони корхона соли 2014 оғоз гардида барои бунёд ва васлу насби таҷҳизоти муосир дар он беш аз 23 млн сомонӣ масраф шудааст, ки 11 млн сомонии онро арзиши таҷҳизоту технологияҳои корхона ташкил медиҳад. Дар корхонаи навбунёд асосан қубурҳо ва профилҳои металии даврашакл ва чоркунҷашакл истеҳсол шуда иқтидори солонааш 60 ҳазор тонна металл мебошад.
    Инчунин дар ноҳия ифтитоҳи корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди ҶДММ «Спитамен Ойл» ки соли 2010 дар минтақаи саноатии Ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳия дар асоси шартнома бо ширкати «Кушо» оғоз шуда баанҷом расидаст, баргузор гардид.[6][7][8]

9 сентябр[вироиш]

  • Дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ба ифтихори солгарди 25-умин Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хиёбони Рӯдакӣ то кӯчаи Исмоили Сомонӣ роҳпаймоӣ гузаронида шуд, ки дар он 52 ҳазор нафар донишҷӯёни макотиби олӣ, мактаббачагон ва кормандони муассисаҳои давлатии кишвар ширкат доштанд. Бояд гуфт, ки ширкаткунандагон ин намоиш бо сарулибоси идонаи гуногунранг ва бо шиору овезаҳои саршор аз муҳаббату самимият нисбат ба Ватан-модар, арзишҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо нишони арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу миллат раҳпаймоӣ карданд. (Ниг. Ба аксҳо)[9]
  • Бегоҳии 9 сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ барномаи муҳташами фарҳангии ҳунармандону ҳаваскорон ва донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ баргузор гардид. Барномаи театркунонидашудаи ҷашнӣ иборат аз суруду таронаҳо ва саҳнаҳои ҷолиби тараннумкунандаи арзишҳои волои миллӣ дар замони 25 соли истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби бештар аз 12 ҳазор нафар манзури ҳозирин карда шуд. Мушакандозии бардавом анҷомбахши барномаи театркунонидашуда буд, ки сокинон ва меҳмонон пойтахт дар давоми зиёда аз 10 дақиқа онро тамошо намуданд. Дар чорабиниҳои ҷашнӣ намояндагони сафоратхонаҳо, созмонҳои байналмилалии муқими пойтахт, журналистони ВАО ва меҳмонон хориҷи кишвар ҳузур доштанд.[10][11]

8 сентябр[вироиш]

  • Тантанаи идонаи ҷашнӣ ба муносибати таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони Дӯстии пойтахт аз субҳи имрӯз оғоз гардид. Бо қадамҳои мутантани сафӣ аз маркази майдони чорабинӣ беш аз 16 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ расми гузашти низомӣ доир намуданд.[12]

3 сентябр[вироиш]

  • Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими видоъ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон марҳум Ислом Каримов вориди шаҳри Самарқанд шуданд. Маросими видоъ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов дар майдони Регистон ва митинги мотам дар Қароргоҳи Ҳукуматии шаҳри Самарқанд баргузор гардид. Дар ин маросим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сарони як қатор давлатҳою ҳукуматҳо, роҳбарони ташкилоту созмонҳои бонуфузи олам ва намояндагони корпуси дипломатӣ иштирок карданд.[13]

2 сентябр[вироиш]

  • Шоми 2 сентябри соли 2016 ҳукумати Ӯзбакистон расман марги Ислом Каримовро тасдиқ кард.[14] Дар мамлакат се рӯз мотами миллӣ эълон гардид. Маросими бахоксупории раиси ҷумҳури Узбакистон имрӯз, 3 сентябр дар шаҳри Самарқанд баргузор мешавад.[15]

1 сентябр[вироиш]


Эзоҳ[вироиш]

  1. РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ – РАМЗИ ЭҲТИРОМ ВА САДОҚАТ
  2. Қатъи фаъолияти хабаргузории мустақили TojNews
  3. "Баста шудани Тоҷнюс сигнали бад аст"
  4. ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНОТИ ИҶТИМОӢ, ХИЗМАТРАСОНӢ ВА МУҲОФИЗАТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  5. Оғози бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун // PRESIDENT.TJ — 29 октябри 2016, 12:29
  6. Ифтитоҳи Корхонаи равғанбарории ҶДММ «Спитамен Ойл» дар ноҳияи Спитамен
  7. Ифтитоҳи корхонаи истеҳсолии ҶСП «Норд Азия Металл»
  8. Эмомали Рахмон прибыл в Спитамен
  9. Роҳпаймоӣ ба ифтихори Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон /АКС/
  10. Тантанаҳои фарҳангии марказӣ ба ифтихори 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  11. В_республике_отпраздновали_День_Независимости_Таджикистана
  12. Гузашти низомӣ ба ифтихори 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон // PRESIDENT.TJ — 8 сентябри 2016, 10:20, шаҳри Душанбе.
  13. Иштирок дар маросими видоъ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов // PRESIDENT.TJ — 3 сентябри 2016, 18:06, Ӯзбакистон.
  14. Правительственный портал Республики Узбекистан
  15. Узбекистан без Ислама Каримова // Коммерсантъ. — 2 сентября 2016, 19:57.
  16. Ифтитоҳи Донишгоҳи давлатии Данғара — PRESIDENT.TJ
Мавзӯот

Илм ва фановарӣ
ВарзишМусиқӣСинамо

12:26 UTC  |  16 Ноябри соли 2016
Ноябр
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шн Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        
Викиахбори русӣ
 ДиданБаҳсВироиш 

Ба наздикӣ вафот карданд

Subscript text


 ДиданБаҳсВироиш 



Муҳтавои Википедиа

Рӯйхатҳо
Мурурҳо · Мавзӯот (асосӣ) · Порталҳо · Гурӯҳҳо
Мамлакатҳо · Одамон · Рӯйдодҳои кунунӣ · Дар ҳамин сол фавтидагон

Индексҳо
Таснифоти даҳии универсалӣ · Феҳристи сареъ